Анонс

- Намояндаи махусуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Петро Драганов ба Тоҷикистон ташриф меорад;

- Роҳбари Агентии федералии «Россотрудничество» Любов Глебова ба Тоҷикистон меояд;

- Дар бинои Кумитаи омор бо суроғаи Бохтар, 15 маросими муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот оид ба сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар Тоҷикистон доир мегардад, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ анҷом дода шудааст. Оғоз соати 11-00;

- Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоишгоҳи корҳои дизайнерон ва рассомон бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Соли оила баргузор мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 6.9940 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1195 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1938 – Интихоботи нахустин ба Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

2004 – Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи тасдиқи Кодекси ахлоқ барои хизматчиёни давлатии тамоми сатҳҳо фармон ба имзо расонид.

2009 — Тоҷикистон ҳиссаи худ дар сармояи оинномавии Бонки авруосиёии рушд дар ҳаҷми 500 ҳазор $-ро пардохта, иштирокчии чоруми комилҳуқуқи ин бонк шуд.

1920 – Зодрӯзи рассом, арбоби фарҳанги Тоҷикистон Ворис Серебрянский.

1934 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Александр Яблоков.

1949 – Зодрӯзи докотори улуми филологӣ, арбоби давлатӣ Додихудо Саймуддинов.

1950 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муаззама Иброҳимова.

1960 – Зодрӯзи Игор Сатторов, котиби матбуотии КВД «Корхонаи алюминии Тоҷикистон» (ТАЛКО).

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.