Дар шаҳри Кӯлоб ҷараёни иҷрои барномаи 5-солаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ба маблағи 1 млрд. 46 млн. сомониро, ки аз оғози соли равон оғоз шуд, мавриди таҳлил қарор доданд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдорӣ ба «Азия-Плюс»  дар ин робита иттилоъ дод, ин барнома барои солҳои 2015-2019 аз панҷ самти асосӣ - рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, зербино, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини захираҳо иборат буда, амалишавии 212 лоиҳаро дар назар дорад.

Ба гуфтаи манбаъ, давоми нимсолаи аввал дар доираи ин барнома ба маблағи 4,6 млн. сомонӣ 7 иншоот бунёд шуда, дар 167 иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва бахшҳои маорифу тандурустӣ корҳои сохтмонӣ оғоз шудаанд ва 17 манзили зист мавриди истифода қарор гирифта, дар 1610 бинои чунин манзилҳо корҳо шурӯъ гардидаанд.

«Дар робита ба суръати нисбатан сусти амалисозии барнома гуфта метавонам, ки он ба мушкилоти тадорукотӣ (ташкилӣ) ва таҳияву саривақт пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои техникӣ ва иҷозатномавӣ марбут аст», - гуфт манбаъ ва изҳори бовар кард, ки сол то сол суръати корҳо боло рафта, барнома амалӣ хоҳад шуд.