Ба наздикӣ дар Русия намояндагии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад, ки нахустин намояндагии ин вазорат дар хориҷи кишвар аст.

Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки дар робита ба таҳсили шумори зиёди тоҷикистониён дар Русия чунин тасмим гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти ӯ, танҳо тариқи квотаҳои Русия ва Вазорат айни замон дар Русия ҳудуди 7 ҳазор нафар тоҷикистониён таҳсили илм мекунанд ва Вазорат ҳамчунин ба таҳияи рӯйхати ягонаи донишҷӯёни тоҷики муқими Русия машғул аст.

«Дар қаламрави Русия хеле зиёд донишҷӯён, унвонҷӯён (аспирантҳо), магистранту докторҳои мо таҳсилу иқомат дошта, онҳо бо бисёре аз мушкилот дучор мешаванд. Намояндагӣ ба саривақт ҳаллу фасл кардани ин мушкилот имкон пайдо карда, ба хеле сабуку роҳат гардидани таҳсилу иқомати ҳамватанон дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард», - иброз дошт муовини вазир.

Ба қавли номбурда, номзад ба роҳбарии намояндагӣ ҳам интихоб шуда, айни замон номзадии ӯ бо ҳукумат мувофиқа мешавад.