Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» ҷиҳати сафар ба дараи хушманзари Варзоб ва ташкили истироҳати 50 нафар тарбиятгирандагони мактабҳои динии рӯзи якшанбеи калисои Николи Муқаддас (Свято – Николский Собор) ва ибодатгоҳи православии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мусоидат намуд.

Кӯдакони синни аз 6 то 15-сола дар озмунҳои шавқовари варзишиву эҷодӣ, мусобиқаҳои гуногун, тирпарронӣ аз милтиқ ва дигар чорабиниҳо хушҳолона ширкат варзида, дар ҳавзи шиноварӣ то сер шудан оббозӣ карданд.

Директори генералии ҶСК «НБО Сангтӯда-1»:

«Мо ба ин гуна сафарҳову истироҳати тарбиятгирандагони мактабҳои динӣ ҳамеша кумак мекунем, ки як саҳмгирии корхона дар тарбияи кӯдакону ҷавонон дар рӯҳияи рафтору арзишҳои волои маънавӣ аст. Бо иштирок дар ин қабил чорабиниҳо кӯдакон хеле рӯҳбаланд шуда, эҳсосоти зиёди мусбат бо худ мебаранд».

Қобили зикр аст, ки дар заминаи мактабҳои динии рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон ба таври иловагӣ бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар чорабиниҳои гуногуни фароғатӣ ва фарҳангӣ, озмунҳои эҷодӣ ва ҷашнҳои идона иштирок мекунанд.