Анонс

- Дар бинои Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали ин хадамот барпо мешавад. Оғоз соати 10-00;

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумат  доир мегардад. Оғоз соати 09-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 6.917 8 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1170 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2000 – Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

2007 — Дар Китобхонаи миллии ҶТ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази тоҷикшиносӣ ифтитоҳ гардид.

1896 – Зодрӯзи арбоби намоёни ҳизбиву давлатии ҶШС Тоҷикистон, муборизи фаъоли барқарорсозии ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Миёна Абдулло Раҳимбоев.

1916 – Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров.

1947 – Зодрӯзи доктори улуми математика Икром Қурбонов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +39+44, дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +15+20, рӯзона +32+37; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +19+24.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.