Имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Иди Шарифи Рамазон дар шафати бинои Вазорат ярмарка ва фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои ҳайати шахсии Вазорат ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир карда шуд .

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита менависад, дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони ВКД, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ оварда шуда, меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз қабили картошка, пиёз, помидор, бодиринг, карам, сабзӣ, гӯшту тухм ва тарбузаю харбуз, нисбат ба бозорҳои пойтахт 40-50% арзонтар пешкаши харидорон карда шуданд.

Гуфта мешавад, нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ: як килограмм гӯшт 20 сомонӣ, биринҷ 5 сомонӣ, картошка, пиёз, сабзӣ 50 дирам, помидор, бодиринг, боқлаҷон 40-50 дирам, тарбузаю харбуз 2-3 сомонӣ, равған 5 сомонӣ, 1 дона тухм 40 дирам, намак ройгон ва як халта орд 120 сомониро ташкил медод.

Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ чунин ярмаркаҳои маҳсулоти аввалия аз ҷониби роҳбарияти ВКД мунтазам ташкил карда мешавад.