Директори Маркази таҳқиқот оид ба муҳоҷирати Русия Дмитрий Полетаев бар ин назар аст, ки бо вуҷуди ҷой доштани андешаҳои гуногун ва сарфи назар аз «хурӯҷи сармоя»-и зоҳирӣ, фаъолияти муҳоҷирон ба иқтисоди Русия таъсири мусбат дорад.

«Муҳоҷирон комилан ҳуқуқ доранд, ки пулҳои коркардаашонро ба кишварҳои худ фиристанд. Ҳеҷ касе интизор нест, ки муҳоҷирон ин ҷо ройгон кор хоҳанд кард. Аммо нисбат ба коргарони маҳаллӣ онҳо камтар музд мегиранд. Ана ҳамин қисмати «пардохтнашуда» ба онҳо дар Русия боқӣ мемонад. Аз лиҳози иқтисодӣ ин ба Русия фоидаовар аст. Ғайр аз ин, интиқоли ин маблағҳо ба таҳкими дӯстӣ миёни кишварҳо мусоидат мекунанд», - гуфтааст Полетаев дар мусоҳиба   ба Радиои СММ.

Ӯ бовар дорад, ки барои Русия қувваи кории хориҷӣ беҳад зарур аст. «Вақте ба ман мегӯянд, ки ба мо муҳоҷирон лозим нестанду сари ин мавзӯъ умуман набояд ҳарф зад, ман кӯшиш мекунам бифаҳмонам, ки аввалаш захираҳои дохилии мо хеле ночиз аст ва Русия ҳамасола миллион нафар аҳолии коршоямро талаф медиҳад», - қайд кардааст Полетаев.

«Аз тарафи дигар, - идома додааст ӯ. - агар мо ҳозир ба рад кардани муҳоҷирон аз ИДМ шурӯъ намоем, онҳо ба кишварҳои дигар мераванд ва дар ин ҳол мо бо захираҳои дигар мемонем: масалан бо муҳоҷирон аз Чин ё Ҳиндустон. Ин муҳоҷиронро ба Русия ва Русияро ба онҳо мутобиқ кардан мушкилтар аст, зеро мо бо онҳо гузаштаи умумии таърихӣ надорем. Бо муҳоҷирони кишварҳои узви ИДМ мо ин умумиятро дорем, зеро бо онҳо як ҷанги умумиро паси сар карда, падарону бобоҳои мо ҳамроҳ ҷангиданд ва ин як фарҳанги умумии шӯравӣ буд, ки аксаран  ҳам ба мо ва ҳам ба онҳо фаҳмо буд. Ман гумон мекунам, ки инро набояд нодида гирифт».