Интишороти Palmarium Academic Publishing (Олмон), ки яке аз муассисаҳои бонуфуз дар соҳаи табъу нашри асарҳои илмии академии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ба наздикӣ рисолаи илмии олиму шоири тоҷик, академики Академияи илмҳои табиатшиносии Русия Султонов Мирзоҳасан Баротович (Ҳасани Султон)  “Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсии тоҷикӣ”-ро бо забони русӣ (ISBN 978-3-659-60230-6, 452 саҳ.) ба нашр расонд. Ҳоло ин китоб дар саросари ҷаҳон дар мағозаҳои фурўши китоб ба тариқи онлайн дар дастрасӣ қарор дорад.  

АМИТ "Ховар" дар ин робита менависад, дар пасмуқоваи китоб омадааст, ки дар рисолаи илмӣ таърихи ташаккул ва роҳҳои асосии такомули истилоҳоти илмҳои нуҷум, риёзиёт, ҷуғрофия, фалсафа, ва тибб дар заминаи маводи мероси арзишманди илмии асрҳои IX-XI мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Таҳқиқи истилоҳоти осори ин аҳд барои таҳқиқи вежагиву махсусиятҳои забони илм ва истилоҳоти форсии тоҷикӣ, таъйини усулу шеваҳои истилоҳсозию истилоҳгузинӣ, доираи имконоту тавонмандиҳои забони форсии тоҷикӣ дар баёни матолиби илмӣ мусоидат хоҳад кард. 

Муаллиф дар охири рисолаи илмӣ ба чунин натиҷа расидааст, ки пухтагиву расоии забони осори илмии асрҳои IX-XI ба хубӣ нишон медиҳад, ки забони форсии тоҷикӣ ба сифати забони зинда, зоё ва поё бо истифодаи босамар аз имконоти дохилизабонӣ ва аз ҳисоби истилоҳоти иқтибосии илмӣ ғанӣ буда, дар илмҳои риёзиёт, нуҷум, ҷуғрофия, фалсафа ва тибб ба дараҷаи забони илм расидааст. 

Рисолаи илмӣ барои истифодаи мутахассисони илмҳои дақиқ ва улуми инсонӣ, мутахассисони истилоҳшинос, эроншиносон, устодон ва донишҷўёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.