Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода бо такя ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия иттилоъ дод, ки айни замон 1 млн. 543 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ 638 ҳазору 934 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта, аз ин шумор 546 ҳазору 76 нафар ба қайди муҳоҷират гузошта шуданд. «Тибқи маълумоти ХФМ Русия, 292 ҳазору 800 нафар шаҳрвандон барои фаъолият патент ва боз 4 ҳазору 31 нафар иҷозатнома барои кор гирифтаанд (ҳамагӣ 70 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор иҷозатнома гирифтаанд)», - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки дар ин давра мақомоти муҳоҷирати Русия нисбати 46 нафар шаҳрванди Тоҷикистон оид ба хориҷшавӣ аз қаламрави кишвар ва нисбати 40 нафар дар бораи истирдод қарор содир намуда, беш аз 92 ҳазору 250 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ва ба зиёда аз 73 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ шудааст.
Сабаби асосии коҳишёбии шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишварро С.Тағойзода ба буҳрони иқтисодӣ ва шадидтар шудани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар нисбат дод.
Қайд карда шуд, ки дар ин давра Вазорати меҳнат ба пардохти беш аз 14 млн. рубл ба муҳоҷирони корӣ аз ҷониби корфармоҳояшон мусоидат намуд.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста