Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов изҳор дошт, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ВАО, сарфи назар аз кадом корхонаву ташкилотро намояндагӣ кардани журналист, ҳамаи мақомоти давлатӣ ва роҳбарони он ба пешниҳоди маълумот ба дархости журналист оид ба фаъолияти сохтори худ уҳдадоранд.

Дар шарҳи протокали пурсарусадо оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ тариқи агентии «Ховар» ӯ чунин ибрози назар кард: «Ин фоҷеа нест, зеро мо қаблан ҳам аз маълумоти сомонаи президент ё дигар мақомоти давлатӣ истифода мекардем. Аммо ба ин нукта бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки дар кадом ҳолатҳо журналист метавонад ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд? Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ВАО, сарфи назар аз кадом корхонаву ташкилотро намояндагӣ кардани журналист,ҳамаи мақомоти давлатӣ ва роҳбарони он ба пешниҳоди маълумот ба дархости журналист оид ба фаъолияти сохтори худ уҳдадоранд. Қонун бояд аз ҳама болотар бошад ва ба ҳеҷ кас озодии суханро манъ карда наметавонад».

Ёдрас мекунем, ки қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  протоколеро ба имзо расонид , ки мутобиқи он бояд тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ҳамаи маълумотро нахуст ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода, сипас дигар ВАО ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар».

Зимни шарҳи ин маълумот раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки сарфи назар аз шакли моликият, қонунгузории ҷумҳурӣ ба дастрасии маълумот ба намояндагони ВАО-и Точикистон ҳуқуқи баробар медиҳад.

- Протоколи баимзорасида аз ҷониби ҳукумат оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ тариқи агентии «Ховар» мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ аст , - иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршинос Шокирҷон Ҳакимов.