Анонс

- КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз  соати 10-00;

- Дар бинои Донишкадаи санъати Тоҷикистон нишасти хабарии натиҷагирӣ аз фаъолият дар нимсолаи аввали ин муассисаи таълимӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

- Дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Бонк дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 15-00.

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумат ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 14-00;

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 6.7948 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1170 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1983 — Дар пойгоҳи антарктикии «Восток» ҳарорати пасттарин дар сайёра – 89,2 дараҷа сардӣ ба қайд гирифта шуд.

1994 – Қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» қабул шуд.

2011 — Палатаи болоии парлумон қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро якдилона ҷонибдорӣ намуд.

2012 — Дар шарқи Тоҷикистон сардори Раёсати КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал-майор Абдулло Назаров кушта шуд.

1932-1996 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ.

1934 – Мавлуди коргардони кино Анвар Тӯраев.

1963 – Зодрӯзи нависанда Сиёвуш.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +30+35.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +18+23.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.