Аз 20-уми июли соли ҷорӣ, аз оғози обхезӣ ва фаромадани ярч дар ноҳияи Ғарми водии Рашт Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки башардӯстонаро ба маблағи 50 000 доллари амрикоӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба хонаводаҳои зарардида тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID ) ҷудо намудааст.
Тавре аз намояндагии дипломатии ИМА дар ҶТ хабар доданд, кӯмаки мазкур иборат аз хаймаҳо, маҷмӯи таҷҳизоти тиббиву санитарӣ, оби ошомиданӣ ва дигар маводҳои ниёзи аввал ба хонаводаҳои деҳаҳои Бедак, Халқарф, Пингон ва Мазори Боло дастрас гардид. Ин кӯмакҳо мувофиқи дархостҳои Ҳукумати Тоҷикистон буда, тавассутигурӯҳи муштарак оид ба баҳогузории таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозӣ (REACT), ки аз намояндагони ҳукуматӣ, ташкилотҳои донорӣ ва ғайридавлатӣ иборат мебошад, ҳамоҳанг мегардад.
Сафир Сюзан Эллиотт хисороти зиёдро дар водии Вахш дарк намуда, 5-уми августи соли 2015 ҷиҳати амалӣ гардонидани дархости Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак изҳоротро оид ба офати табиӣ қабул намуд. Қабле пеш, 12-уми августи соли 2015, Сафир Эллиотт аз ноҳияҳои зарардида дидан намуда, бо осебдидагони офатҳои табиӣ ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ мулоқот намуд.
Аз рӯи маълумотҳои REACT, обхезӣ боиси марги 8 нафар гашта, бар асари он зиёда аз 500 нафар хонаҳои худро аз даст доданд. Аввали моҳ, Иёлоти Муттаҳида кӯмаки башардӯстонаро аз ҷумлаи хаймаҳо, таҷҳизоти тиббиву санитарӣ ва дигар маводи таъҷилӣ ба маблағи зиёда аз 60 000 доллари амрикоӣ ба оилаҳои деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва водии Рашт расонида буд. Кӯмакҳои муштарак аз ҷониби оҷонсиҳои мухталиф ва созмонҳои шарик аз иродаи қавии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати дастгирӣ намудани мардуми Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои мушкил шаҳодат медиҳанд.



Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста