Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум рӯзи 1 октябри соли равон доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар иҷлосия ҳисоботҳои муовинони раиси шаҳр дар бораи омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистон, вазъи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон дар бахши хизматгузории коммуналӣ, таъмин бо нерӯи барқ, афзоиши иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳр ва захираи маҳсулоти ғизойӣ шунида мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия ҳамчунин масъалаи табдили номи як қатор кӯчаву хиёбон ва майдонҳои шаҳри Душанбе низ баррасӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки барои омодагӣ ба кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.