Моҳи августи соли равон шумори муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки барои корҷӯӣ ба хориҷи кишвар азми сафар мекарданд, беш аз 22% коҳиш ёфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, моҳи гузашта Тоҷикистонро ба хотири дарёфти кор дар хориҷи мамлакат беш аз 45,8 ҳазор нафар тарк кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, давоми 8 моҳи соли 2015 ҳудуди 430 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 ҳазору 676 нафар ё худ 9,3% камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба аввали моҳи сентябр ҳудуди 979 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки беш аз 821 ҳазор нафарашонро занон ва зиёда аз 157 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аввали сол шумори тоҷикистониён дар Русия ба беш аз 999,1 ҳазор нафар мерасид.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста