Дар мактаби таҳсилоти умумии №57-и ноҳияи Айнӣ маросими номгузории ин муассисаи таълимӣ ба номи корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД майори милитсия Алибой Идиев баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин ҷамъомад муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода, намояндагони шӯъбаи маориф ва пайвандони шодравон Алибой Идиев иштирок карданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром аз саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ибрози назар карда, аз корнамоии корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, майори милитсия Алибой Идиев, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ҳангоми иштирок дар муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардида буд, ёдовар шуд.
Мавсуф ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ, барои қабули пешниҳоди роҳбарияти Вазорат, ҷиҳати ба номи Алибой Идиев номгузорӣ кардани мактаби мазкур изҳори миннатдорӣ намуд.
Раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода иброз дошт, ки мо ҳамеша фарзандони диёрро дар симои Алибой Идиев, ки барои Ватан ва давлату миллат хизмат намудаанд, фаромӯш намесозем.
Дар чорабинӣ омӯзгорону ҳамсинфон ва дӯстону наздикони Алибой Идиев суханронӣ намуда, хотираҳои худро аз рӯзгори ӯ, ки замоне дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил карда буд, ёдовар шуданд.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста