Анонс

- Оғози сафари давлатии дурӯзаи президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон;

- Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ таҳти унвони «Тоҷикистон-2030: дар самти рушдуи устувори инсонӣ» симпозиуми илмии коршиносон баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

- Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Бангладеш бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 доир мегардад. Оғоз соати 17-00;

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.6355 сомонӣ;

1 евро – 7.1126 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 57 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии донишҷӯён.

1990 — Маркази ташхиси бузургтарин дар Осиёи Миёна ба истифода дода шуд.

2008 — Ширкати ҳавопаймоии Tajik Air ҳавопаймои нахустини «Boeing 757-200»-ро соҳиб шуд.

2009 — Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату иқтисод доир гардид.

2014 — Парлумон қонуни нав дар бораи гирдиҳамойӣ ва раҳпаймоиҳо дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

1922-2009 – Зодрӯзи арбоби давлатӣ ва сиёсӣ Ибодат Раҳимова.

1938-1986 – Мавлуди шоир ва рӯзноманигор Сарвар Амирҷонов.

1953 – Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Талабхӯҷа Сатторов.

1953-2007 – Мавлуди файласуф Сайфулло Сафаров.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +8+13.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, (дар баландии зиёда аз 1000 метр барф), дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -2+3.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, (дар баландии зиёда аз 1500 метр барф), дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, баъзан боришоти шадид.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, , борон меборад, баъзан боришоти шадид. 

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.