Ширкатҳои хизматрасонии (клинингии) шаҳри Маскав - ҶДММ «АртКлин Сервис» ва ҶДММ «Русклин» омодаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор қабул кунанд ва дар ин хусус ба намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия муроҷиат кардаанд.
Котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Ахмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи тадбирҳо ҷиҳати мусоидат ба таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ дар Русия, кормандони намояндагӣ бо раҳбарияти як қатор корфармоёни имконпазир вохӯриҳо гузарониданд.
«Зимни вохӯриҳо роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ба таъмини беш аз 420 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ омодагӣ изҳор намуда, зикр карданд, ки аллакай дар ин ширкатҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик машғули коранд», - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, айни замон ин ширкатҳо ба фаррошон, борбардорон, фурӯшандагон ва коргарони таъиноти гуногун бо маоши моҳонаи 20-25 ҳазор рубл эҳтиёҷ доранд.
Зимнан зикр гардид, ки хоҳишмандони кор кардан дар ин ширкатҳо метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва муҳоҷирони кории муқими Русия ба намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кунанд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста