Анонс

- Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар мавзӯи «Журналистон ва Ҳуқуқи Низоъҳои Мусаллаҳона» семинар барпо мекунад. Оғоз соати 09-00 дар дафтари кории КБСС бо суроғаи: гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Н.Муҳаммад х. 6а.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.7439 сомонӣ;

1 евро – 7.1512 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.10 50 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1997 – Дар Душанбе зимни амалиёти хадамоти махсус роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Ризвон Садиров нобуд карда шуд.

2002 — Миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд дар бораи шарикӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расид.

2010 — Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи Ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар бораи ҳамлу нақли фаромарзии одамон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо созишнома имзо шуд.

1908-1974 – Зодрӯзи нависанда, драматург ва тарҷумон, муаллифи песаву фелетон ва ҳикояҳои сершумор Самад Ғанӣ.

1918 – Мавлуди ҳунарманди театр Хайрӣ Усмонова.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳамдам Рафиев, солҳои тӯлонӣ директори Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

1948 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актрисаи театр Шарофат Рашидова.

1950 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдулҳафиз Азизов.

1964 – Мавлуди адабиётшинос Боймурод Шарифзода.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +8+13. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +8+10.