АНОНС
- Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабиниҳои асосии ҷашнӣ доир мегарданд:
- Субҳи ҳамин рӯз дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарони гарнизони Душанбе гузашти низомӣ доир мегардад;
- Рӯзона дар маҷмааи «Кохи Борбад» бо иштироки аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва намояндагони аҳли ҷомеа таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор мешавад;
- Шомгоҳон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ намоишгоҳи театрикунонидашуда барпо мешавад, ки 1,5 соат идома ёфта, бо мушакпарронӣ (фейерверк) ба итмом мерасад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8711 сомонӣ;
1 евро – 8.8558 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1193 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи байнулмилалии саводнокӣ.
Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон.
2001 – Дар Душанбе бар асари амали террористӣ вазири фарҳанги ҶТ Абдураҳим Раҳимов ба ҳалокат расид.
2006 — Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ нерӯгоҳи оби барқии «Пшихарв» ба истифода дода шуд.
2006 — Дар Душанбе Ҳамоиши VI тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор шуд.
2009 — Ба сохтмони нахустин Маркази барқу гармидиҳӣ дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Лучоби Душанбе бо истифода аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ санги асос гузошта шуд.
1912-1984 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Николай Лепник-Мировский.
1944 – Мавлуди муаррих Ғолиб Ғолибов.
1959 – Зодрӯзи оҳангсоз ва сарояндаи эстрада Далер Назаров.
1959 – Мавлуди журналист Абдулҷон Ҳасанов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.




“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
“Худоё, ба хайркунанда подош бидеҳ!”. Посух ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза ва садақаи ҷория дар Рамазон
Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста