Дар шаҳри Хуҷанд ба чорабинии асосии идона ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон - намоиши пуршукӯҳи театрикунонидашуда ва раҳпаймоии идона, ки шоми имрӯз, 14 сентябр доир мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.

Бино ба маълумоти масъулини ташкили ин чорабинӣ, раҳпаймоӣ, гузашт ва намоиши театрикунонидашуда бо иштироки беш аз 15 ҳазор нафар имрӯз дар майдони назди маҷмааи нави таърихиву фарҳангии “Истиқлол” доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, то оғози чорабиниҳои зикргардида сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин маҷмааи навро расман ифтитоҳ хоҳад кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати вилояти Суғд Аюбҷон Раҳматов иттилоъ дод, дар маркази маҷмаа иншооти баландиаш 58 метр қомат афрохта, он дар соҳили рости Сирдарё, дар маркази гузаргоҳи паҳлӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд воқеъ аст.