АНОНС

- Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;

- Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари расмӣ ба Озарбойҷон дар шаҳри Боку бо раҳбарияти ин кишвар, аз ҷумла раиси Миллӣ Маҷлис (парлумон)-и Озарбойҷон Огтай Асадов ва нахуствазири ин кишвар Артур Расизода дидору гуфтушунид мекунад;

- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ спектакл барои кӯдакон “Сенсация в лесу” (Ҳангома дар ҷангал) намоиш дода мешавад. Оғози намоиш соатҳои 10:00 ва 11:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8722 сомонӣ;

1 евро – 8.8169 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1208 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2002 – Дар Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузорӣ дар марз ба кор шурӯъ кард.

2011 — Дар Варшава Тоҷикистон оид ба вазъи озодии баён ва риояи ҳуқуқҳои динӣ дар ҷумҳурӣ ҳисобот дод.

1898-1940 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Сурен Шадунс.

1948 – Мавлуди доктори илми геология Мададбек Тоҷикбеков.

1953 – Зодрӯзи олимаи соҳаи тиб Дилбар Абдиева.

1951 – Мавлуди математик Сайфулло Бобоев.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Музаффар Олимов.

1957 – Мавлуди Арбоби шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шарифов.

1958 – Зодрӯзи мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов.

1971 – Мавлуди рӯзноманигор Валиҷон Баёнӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +26+28.