Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳисоб кардааст, ки барои таъмини беморони диабети қанд бо доруи инсулини бепул 5,6 млн. сомонӣ маблағ зарур аст. Вазорати молия ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин маблағро маъқул донист.
Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 35 ҳазор нафар афроди гирифтор ба касалии қанд ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор ба 4 ҳазор нафарашон бояд бепул инсулин дода шавад, ки тибқи ҳисобу китоби Вазорати тандурустӣ маблағи он 5,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Вазори тандурустӣ пешниҳод кардааст, ки дар буҷети соли оянда бо ин мақсад маҳз ҳамин миқдор маблағгузорӣ шавад. «Аммо дар Вазорати молия зимни таҳияи лоиҳаи буҷет барои соли 2017 ҳамагӣ 3 млн. сомонӣ маблағро маъқул шуморидаанд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Ёдрас мекунем, ки зимни таҳияи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016 таъмини беморони касалӣ (диабет)-и қанд бо инсулини бепул сарфи назар шуда, барои сӯзандору барои ин беморон танҳо 200 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, ҳамасола барои як нафар бемори касалии қанд аз 18 то 20 қуттии инсулин зарур аст, ки як қутти он дар кишвар 70 сомонӣ арзиш дорад. Барои як бемор солона барои харидории он 1 ҳазору 4000 сомонӣ маблағ лозим аст.
«Ҳамасола барои инсулини бепул 5,6 млн. сомонӣ маблағ зарур буда, ин маблағе, ки дар Вазорати молия тасдиқ шудааст, барои таъмини 2 ҳазору 143 нафар беморон аз 4 ҳазор нафар бемори сабтшуда кофӣ аст», - гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ.
Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода изҳор намуда буд, ки тибқи маълумоти вазорат, захираҳои доруи инсулини бепул барои беморони диабети қанд кайҳо тамом шуда, миқдори начандон зиёди инсулине, ки Вазорати тандурустӣ дар ихтиёр дорад, танҳо барои кӯдакон таъин шуда, ҳамон ҳам то охири моҳи август ба охир мерасад.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» гуфт, таъмини на кӯдакон, балки калонсолон бо инсулин мушкили асосӣ аст. «Вазорат ба ҳукуматҳои маҳаллӣ бо дархости дарёфти маблағ баҳри харидори инсулин муроҷиат карда, ба мо каме маблағ ҷудо карданд, ки кӯдаконро бо ин дору таъмин созем. Мушкили асосӣ калонсолон мебошанд, ки шуморашон зиёдтар аст», - иброз дошт Ҷаъфаров.
Тавре дар боло зикр кардем, зимни таҳияи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016 беморони касалӣ (диабет)-и қанд фаромӯш шуда буданд. Дар ҷаласаи парлумон моҳи ноябри соли 2015 далели мазкур боиси норозигиву ошуфтагии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров гардида, ӯ аз Вазорати молия тақозо намуда буд, ки дар ин самт тадбирҳои таъҷилӣ андешида шавад.
Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён изҳор карда буд, ки ин мушкилот дар фурсати наздиктарин ҳаллу фасл мешавад, вале мушкилот то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.



