Дар зарфи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 33,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак аз 52 кишвари дунё (ҳамин давраи соли 2015 - аз 36 кишвар) ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (23,6%), Русия (16,5%), Ҳиндустон (8,8%), Сербия (8,2%), Белгия (5%), Швейтсария (4,7%), Туркия (4,3%), ИМА ва Покистон (4%-ӣ)), Қазоқистон (3,4%), Олмон (2,9%), Дания (2,7%), Ҷумҳурии Корея (2%), Нидерланд (1,3%), Озарбойҷон ва Фаронса (1,1%-ӣ), Таиланд (1%), Эрон (0,8%) ва дигар кишварҳо рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.



