АНОНС

- Сафари ҳайати Давлати Кувайт таҳти роҳбарии Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардустӣ доктор Абдуллоҳ ал-Маътуқ шурӯъ мешавад;

- Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси СММ конфронси матбуотӣ доир мегардад;

- Дар Душанбе Хонишҳои Пушкин (Романи «Евгений Онегин»-ро мутолиа мекунем) баргузор мешавад. Оғоз соати 14:00 дар Театри давлатии лӯхтак.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8759 сомонӣ;

1 евро – 8.5753 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1226 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид

1945 — Оиннномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 26-уми июн ба имзо расида буд, мавриди амал қарор гирифт.

2008 — Дар Тоҷикистон форуми III-юми «Русия – Тоҷикисон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор шуд.

2012 — Суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ҳалнома содир намуд.

1914-1989 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

1957 – Мавлуди бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

1973 – Зодрӯзи раққоса Дилором Сатторова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +10+12.