АНОНС

- Дар Душанбе аз 25 то 28 октябр намоиши байнулмилалии бадеии «Дурдонаи Роҳи абрешим. Тоҷикистон ба ҷаҳон боз шудаву ҷаҳон Тоҷикистонро мешиносад» ҷараён дорад;

- Мусобиқаи даври интихобии чемпионати Осиё-2017 миёни духтарони синни то 19-сола дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8759 сомонӣ;

1 евро – 8.6060 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1221 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2002 — Дар Душанбе намоиши махсуси маҳсулоти саноатии Эрон боз шуд.

2008 — Бо фармони Президенти ҶТ Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табдили ном кард.

1913-1984 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Солеҳ Холматов.

1915-1987 – Мавлуди овозхони опера Усмон Рабимов.

1928 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор Муҳаммад Болтаев.

1984 – Мавлуди овозхон Парвина Шукруллоева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8 рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +23+25.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.