Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи кумакҳои иҷтимоии унвонӣ» дар палатаи поёнии парлумон иттилоъ дода шуд, ки мақомоти ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба таъсиси рӯйхати ягонаи давлатии оилаҳои камбизоат шурӯъ карда, ба ин феҳрист аллакай беш аз 60 ҳазор оила номнавис шудаанд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода қайд кард, ки имрӯз дар 25 шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ (пилотӣ)-и кишвар беш аз 97 ҳазор оилаҳои камбизоат солона дар ҳаҷми 400 сомонӣ кумакҳои иҷтимоии унвонӣ гирифта, соли оянда оилаҳои камбизоати боз 15 шаҳру ноҳияҳо низ ба ин рӯйхат ворид карда мешаванд.

Дар навбати худ муовини раиси палатаи поёнии парлумон Хайринисо Юсуфӣ зикр кард, ки дар Тоҷикистон аллакай индикатор (шохис)-ҳои муайян кардани оилаҳои камбизоат таҳия шудаанд, ки ҳаҷми даромади оила, шумори аъзои коршоями он, шумори кӯдакон, маъюбон ва ғайраро ба инобат мегиранд.

Юсуфӣ изҳор намуд, ки индикаторҳои мазкур ба барномаи махсус насб шуда, агар оила камтар аз 222 балл гирад, он камбизоат шуморида намешавад.

Бино ба маълумоти расмӣ, имрӯз ҳудуди 31%-и аҳолии Тоҷикистон камбизоат шуморида мешаванд. Охири асри гузашта шумори камбизоатон беш аз 83% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медод.