Сокинони Тоҷикистон "моҳи калон"-ро, ки 67 сол қабл зоҳир шуда будааст, метавонанд дубора бинанд.
Хурсанд Ибоддинов, масъули Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, имрӯз, 14 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "моҳи калон" аз соати 18:45-и рӯзи душанбе то субҳи сешанбе намудор мешавад".
Ӯ илова намудааст, ки “моҳи калон” ё “моҳи бузург” дар тӯли 67 ё 70 сол такрор мешавад, вале ҷойи нигаронӣ надорад.
Ба қавли Ибоддинов, андозаи “моҳи калон” аз моҳи пурра калон набуда, фақат бо наздик шудан ба замин бузург ба чашм менамояд.



