Мадина Шокирова, духтари миллионери тоҷик Илҳом Шокиров, ки бо пироҳани арӯсии 40-миллиониаш вирди забонҳо шуд, мегӯяд, пироҳани арӯсии орзуи дилашро хеле зиёд ҷустуҷӯ кардааст. Вале Мадина унвони "Шоҳдухтари тоҷик”-ро хуш надорад ва мегӯяд, ӯ як духтари оддист.
Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Ахбор, Мадина Шокирова, духтари миллионери тоҷик Илҳом Шокиров як моҳ баъд аз арӯсии пурсарусадояш дар мусоҳиба бо маҷаллаи мӯди "Grazia” чигуна пайдо кардани пироҳани арӯсии 40-миллионрублиашро, ки дар матбуот ҳангомаи зиёд ба по кард, қисса кардааст.

"Grazia” пироҳани арӯсии 20-миллионии духтари президенти гурӯҳи молии "Алянс” Мӯсо Бажаев, дӯхти Zuhair Murad, куртаи 25-миллионии келини миллионери дигари муқими Русия Михаил Гутсериев, дӯхти Eli Saab ва пироҳани арӯсии 40-миллионрублии Мадина, духтари Илҳом Шокиров, дӯхти устохонаи Ralph&Russo ва ғарқи марвориду барги гул ва сангҳои қиматбаҳои Swarovski-ро аз пурсарусадотарин пироҳанҳои арӯсии сол ном бурда, навиштааст, бо дидани ин пироҳанҳо, "мо фаҳмидем, кибарои ягон духтар ибораи "ин хеле гарон аст” вуҷуд надорад.
Тӯйи арӯсии ӯ ва ҳамсараш Сардор дар поёни моҳи октябр дар Маскав, ки бо ширкати 900 меҳмон ва бо даъвати ситораҳое, чун Филип Киркоров, Леонид Агутин, Иван Ургант, Алла Михеева, Глюкоза, Тимур Темиров, Глюкоза ва Сосо Павлиашвили гузашт, дар матбуот ҳангомаи бузурге ба по кард. Аммо ҳангомаи аз ҳама бузург бар сари пироҳани арӯсии Мадина Шокирова, сохти тарроҳони бритониёӣ Тамара Ралф ва Майкл Руссо буд, ки 40 миллион рубл, ё беш аз 600 000 доллар нарх дошт.
Мадина Шокирова дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Grazia” гуфтааст, ки барои ҷустуҷӯи пироҳани арӯсие, ки пироҳани арӯсии маҳз худи ӯ бошад, вақту нерӯ ва асабонияти зиёде харҷ кардааст. Ӯ мегӯяд, ибтидо пироҳани арӯсиашро ба ширкати маъруфи Chanel фармоиш дода, ҳатто чен ҳам кардааст: "Вале ман шубҳа доштам, ки ин пироҳан ба ҳадде бошукӯҳ аст, ки дар анъанаҳои шарқии мо қабул шудааст?”
Ба ҳамин далел, Мадина Шокирова Ralph&Russo ба рӯ оварда, дар ниҳоят пироҳани орзуяшро дар ҳамин устохона пайдо кардааст: "Талаби асосии ман дар мавриди пироҳан вижагиаш буд: Ман мехостам, ки он аз ҳама фарқ кунад, ба ягон пироҳани арӯсии дигар монанд набошад. Вақте ин пироҳанро дидам, гуфтам, тамом – ин аст чизе ки ҷустуҷӯяш мекардам! Остинҳояш маро билофосила ба ваҷд овард. Вале то онки такмил шавад, хеле дигар шуд. Ман дар ин байн 6-7 маротиба онро дар танам чен кардам.”
Grazia” аз Мадина Шокирова пурсидааст, ки оё ҳангомаи бархоста дар атрофи тӯйи арӯсиашро чигуна пазируфт ва оё аз ин унвони "Шоҳдухтари тоҷик” хушаш меояд?

Мадина Шокирова дар посух гуфтааст, "аз ҳангомаи атрофи тӯй ҳайрон шудам. Ва ростӣ, чунин таваҷҷӯҳ ба зиндагии ману хонаводаам асабониам мекард. Хушбахтона, бо гузашти вақт ин ҳама худ ба худ фурӯ нишаст. Зимнан бо истифода аз фурсат мехоҳам рӯшан кунам: Хеле аз он чизҳое ки дар хабарҳо дар бораи ман навиштанд, ҳақиқат надорад! Ва ин унвони "шоҳдухтар” низ ягон рабте ба ман надорад.”
Мадина дар идомаи мусоҳиба дар бораи сабки либоспӯшии рӯзмаррааш ҳарф зада, гуфтааст, ки субҳ метавонад курткаи ҷинс ва кедиҳои adidas Stan Smith бипӯшад: "Дугонаҳоям ҳатто дар маъракаи «духтарталбон» ба ӯ 10 курткаи ҷинс ва 15 кроссовкии Аdidas тӯҳфаам карданд. Вале шом метавонам пойафзоли пошнааш баланд ва пироҳани сабки baby doll ба тан кунам. Вале дар умум, агар баҳонае бошад, либоси зебо пӯшиданро дӯст медорам… Ман либоси зебо, ҷавоҳирот ва чизҳои худро дӯст медорам, вале бидуни кадом ифрот: Инҳо ҳама дар ҳар сурат танҳо чизу моланд ва набяод ба онҳо аҳамияти хеле бузург дод. "

Мадина Шокирова духтари Илҳом Шокиров, соҳибкори зодаи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон аст. Илҳом Шокиров дар шаҳри Тошкарнд меҳмонсарои бузурги «Гранд» ва 65 дарсади саҳмияҳои маркази тиҷории «Демир»-ро ва дар вилояти Маскав силсилаи меҳмонхонаҳоро дар даст дорад. Писари Илҳом Шокиров дар соли 2010 ба духтари Рустам Азимов, муовини сарвазири Узбекистон издивоҷ карда буд.
Дар ибтидои солҳои 2000-ум Илҳом Шокиров дар Тоҷикистон барои тақрибан 6 моҳ боздошт шуда, дар пайи дахолати мақомоти дипломатии Русия озод шуд. Баъди ин қазия ӯ аз Тоҷикистон кӯчид.



