Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гузошта шудааст, ба қисмати ғарбии хиёбони А. Сино ва наздикии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино кӯчонида шуда, майдони умумии он масоҳати 2 гектарро фаро мегирад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва Дебора Коузинс, директори шуъбаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба масоили муҳити зист ва рушди устувор ҷиҳати кӯчонидани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи ин Бонк оид ба беҳтарсозии роҳҳо суҳбат сурат гирифтааст.

«Интихоби мавзеъ барои кӯчонидани муҷассама якҷоя бо ҳама вазорату идораҳои дахлдор мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва муҷассама ба мавзеи нав бе расонидани зарар ба муҳити зист ва арзиши мероси фарҳангӣ кӯчонида мешавад»,- иброз доштааст Шамсиддин Орумбекзода.

Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин лоиҳа кӯчонида шудани дарвозахои ғарбии пойтахт, бурида шудани тақрибан 3 ҳазор дарахт дар майдони сохтмони роҳ ва қатъи фаъолияти чандин нуқтаҳои фурӯш дар назар аст.