Роҳбари Иттиҳодияи оҳангсозони Тоҷикистон Шӯҳрат Ашӯров дар як садамаи нақлиётӣ ба таври фоҷиавӣ дар синни 54 аз олам даргузашт.

Ба иттилоъи манбаъи "Akhbor.com”, "ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон сурат гирифта, мошини тамғаи "Toyota Prado” таҳти идораи бародари Шӯҳрат Ашӯров дар наздикии мавзеъи Эсанбой ба ҷарӣ сарозер шудааст. Дар садама раиси Иттифоқи композиторон ба ҳалокат расидааст. Вазъи саломатии дигар мусофирон ва сарнишини нақлиёт хуб аст.”

Фурқати Саид, сароянда ва оҳангсози тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ даргузашти Шӯҳрат Ашӯровро талафоти гарон барои мусиқии касбии тоҷик унвон карда, навишт, "эҷодиёти ӯ устодонаву рангоранг буд ва омезиши мусиқии Ғарбу Шарқро дар худ таҷассум менамуд. Яке аз оҳангсозони хеле пурсамаре, ки дар аксар барномаҳои фарҳангии кишвар ба сифати роҳбари бахши мусиқӣ фаъолият менамуд”.

Шӯҳрат Ашӯров, раиси иттифоқи композиторони Тоҷикистон соли 1962 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ ноҳияи Маскав)-и вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1984 факултаи маданӣ-маърифатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан, соли 1989 дар факултаи дирижёрии хори Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳо таҳсилашро идома дода, дар тӯли солҳои 1998-2006 мудири Оркестри давлатии симфонии назди ҳукумати Маскав буд.

Соли 2006 ба Тоҷикистон баргашта, ба сифати роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ фаъолият намуда, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, ДДФСТ ба номи М.Турсунзода ва Мактаби мусиқии пойтахт нозукиҳои санъати мусиқиро ба шогирдон меомӯзонд.

Ӯ муаллифи асарҳои симфонии «Увертюра», «Синдбод», «Консерт-Ривоят», балети «Зол ва Рӯдоба», асарҳои хории «Суруди сулҳ», «Гул кун ба боғи мо Ватан», «Садои кӯҳсор», «Боғи мо», «Шеъри наврӯзӣ», «Валси видоъ», «Ливо», «Тоҷикистон», кантатаи «Эй Ватан» ва зиёда аз даҳ асари камеравӣ ва мусиқӣ барои чанд спектакли театрҳои Русия мебошад. Мусиқии филми тоҷикии «Давлати ҷалоли ишқ»-ро низ Шӯҳрат Ашӯров навиштааст.

Шӯҳрат Ашӯров бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.