Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон маросими тақдими шаҳодатномаҳо (сертификатҳо)-и ин муассиса ба шунавандагони машғулиятҳои омӯзишӣ доир гардид.
Тавре директори Муассиса Зинатуллоҳ Исмоилзода дар ибтидо изҳор дошт, давоми соли 2016 90 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос иштирок намуда, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил додаанд.
- Имрӯз бошад – мегӯяд Исмоилзода, - 18 нафар шунавандагон ба дарёфти шаҳодатномаҳои хатми машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои асосоти наворбардорӣ дар синамо ва телевизион ва таҳияи барномаҳои соҳавӣ барои журналистони русзабон мушарраф гардиданд.
Мутахассиси варзидаи соҳаи наворбардорӣ Георгий Дзалаев аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ба машғулиятҳои доирнамудаи Академияи ВАО аз тамоми шабакаҳо наворбардорон даъват гардида, такмили маҳорати наворбардорон дар оянда низ ба роҳ монда мешавад.
- Тарзи пешниҳоди матлаб дар барномаҳои телевизионӣ маҳорати хоса металабад, - мегӯяд продюсери барномаҳои Ширкати байнидавлатии «Мир» Илҳом Маҳкамов. - Аз ин хотир иқдоми Академияи ВАО дар бобати такмили ихтисоси барандагон ва муҳаррирони русзабони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ саривақтӣ мебошад.
Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли 2016 бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи таъсиси он тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони васоити ахбори кишвар мебошад.



Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2026
Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста