Кормандони нуқтаҳои фурӯш (кисокҳо) мегӯянд, ба онҳо супориш дода шудааст, ки бинобар сабаби дастури ҳукумат савдояшонро қатъ созанд, вале дар дастгоҳи президент содир шудани чунин дастурро рад мекунанд.

Чанде аз фурӯшандагони ин нуқтаҳои фурӯш, ки дар қаламрави Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) воқеъ аст, ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, шикоят карданд, ки рӯзи 19 апрел намояндагони ҳукумат ва мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино назди онҳо омада, гуфтаанд, ки фаъолияташонро қатъ намоянд ва дар қаламрави беморхона ба савдо машғул нашаванд.

«Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои савдоро дорем, ин ҷо ягон қонуншиканӣ нест, пас чаро савдо ба мо манъ аст, - мегӯяд яке аз занони фурӯшанда. - То кай одамон маҷбур мешаванд, ки бекор монанд? Ман фарзанд надорам ва ҳамаи даромадҳои худро ба кӯдакони ятим медиҳам».

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо ба ҳукумати ноҳияи Сино муроҷиат кардем.

«Бале, дарвоқеъ рӯзи 10 апрел мо дар қаламрави маркази тиббӣ рейд гузаронидем, - хабар дод ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ноҳияи Сино Ҳайдар Гулаҳмадов. - Ба мо аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба таври шифоҳӣ дастур расид, ки аз қаламрави бемористон киоскҳо бардошта шаванд. Сабабашро ман намедонам».

Дар ҳамин ҳол, зимни муроҷиат ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мо огаҳӣ ёфтем, ки ҳукумат дар бораи аз байн бардоштани киоскҳо дар қаламрави бемористон ҳеҷ дастури шифоҳие надодааст.

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе низ ин маълумотро тасдиқ накарданд. «Дар мо чунин супориш вуҷуд надорад ва дастури шифоҳӣ хам нагирифтаем», - гуфт котиби матбуотии раиси пойтахт Абдулмаҷид Усмонов ва тавсия дод, ки ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат намоем.