Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, ки рисолати дипломатиаш дар ҷумҳурӣ анҷом ёфт, дар паёми хайрбодии видеоии худ ба тоҷикистониён барои меҳмоннавозӣ миннатдорӣ изҳор намуд. Муроҷиати седақиқаинаи дипломат дар саҳифаи сафорат дар фейсбук мунташир шуд.

Дар паёми видеоии худ Элизабет Миллард ҳамчунин тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорсаии Иди Қурбон табрику таҳният мегӯяд.