Айни замон дар Тоҷикистон мавсими шикор ҷараён дорад: он аз 1 сентябр шурӯъ шуда, то баҳори соли оянда давом мекунад.

Имсол ҳукуматдорон барои шикори ҳайвоноти нодир квота муқаррар карданд: барои шикори 123 сар ҳайвон ҳукуматдорон 7 млн. 273 ҳазор сомонӣ (771,3 ҳазор доллар) даромад ба даст оварданианд. Соли гузашта аз ҳисоби шикор ба буҷет 5 млн. сомонӣ маблағ ворид гардида буд.

Дар рӯйхати имсола барои шикор - 95 сар архар (гӯсфанди Марко Поло), 12 сар бузи кӯҳии осиёимиёнагӣ ё морхур (бузи шохпеч), 6 сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва 10 хирси бӯр зикр шудааст.

Танҳо аз шикори гӯсфанди Марко Поло, ки нархи иҷозатномаи ҳар кадоме 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, буҷет 4 млн. 275 ҳазор сомонӣ ё худ ним миллион доллар даромад ба даст оварда метавонад.

Соли гузашта шумори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон 23-25 ҳазор сар ва бузи шохпеч, ки дар Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон зиндагӣ мекунад, 1,5 ҳазор сарро ташкил медод. Ба ҷуз шикори расмӣ, боз касоне ҳастанд, ки ғайриқонунӣ ба шикори ҳайвоноти нодир машғул мешаванд.  


Гӯсфанди Марко Поло дарвоқеъ ҳам яке аз зеботарин ҳайвон ва беҳтарин сайд барои шикорчиён мебошад. Он дар баландиҳое умр ба сар мебарад, ки на ҳар шикорчӣ барои расидан ба он имкон дорад, лекин хоҳишмандони шикори чунин сайд кам намешавад. Соли гузашта Тоҷикистон аз ҳисоби чунин хоҳишмандон 3 млн. сомонӣ даромад гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.