Пас аз паҳншавии коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя, ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятии Душанбе тавсия шудааст, дар вақти корӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд.

Сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлатов ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки чунин тасмим бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат ба паҳншавии коронавирус гирифта шудааст.

“Ронандагон дар вақти корӣ бо мусофирони зиёд суҳбат мекунанд. Мумкин дар байни онҳо шахсоне пайдо шаванд, ки бемории зуком ё дигар намуди беморӣ дошта бошанд”, - иброз дошт Давлатов.

Инчунин сарвари “Душанбенақлиётхадамотрасон” гуфт: “Ҳар субҳ пеш аз оғози кор тамоми нақлиёти ҷамъиятии пойтахт бо маҳлули хлор тоза карда мешавад”.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, то 30-юми марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.