Дар маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов иштирок карданд.
Мактаб барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлатии кишвари ҳамсоя сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони ин иншоот зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд.
Мактаб бо таҷҳизоти муосири техникӣ мутобиқи меъёрҳои навтарини таълим дар мактаб муҷаҳҳаз буда, инчунин ороишоти ғайриодӣ дорад.
Он бояд ҳанӯз 25 март - рӯзҳои ҷашни Наврӯз боз мегардид, лекин бар асари пандемияи коронавирус ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.