Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ матн ва видеое бо забони тоҷикӣ паҳн мешавад, ки дар бораи “хамираи дандоншӯӣ зидди коронавирус” нақл мекунад. Сарлавҳаи навор чунин аст: “Срочно тамошо кунед!Хамираи дандоншӯӣ зидди каронавирус. Ба харидани зубной паста шитобед!”
Дар зерматни кутоҳи видео гуфта мешавад, ки сарчашмаи хабар sputnik-tj аст.
Ҳукмнома: Дасткорӣ
“Се нуқта” бо дарёфти матни аслӣ маълум кард, ки аслан чунин тадқиқоте вуҷуд дорад, аммо дар маводи “Спутник Тоҷикистон” ва ютуб-канали “SAMIMONA TV” ба дасткорӣ роҳ дода шудааст. Яъне гап сари кам кардани вирус дар ковокии даҳон меравад, на табобати пурраи коронавирус.
Иқтибос:
Матни хабари “Спутник Тоҷикистон” бо сарлавҳаи “Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад” чунин аст:
“Олимони амрикоӣ дар ҷараёни таҳқиқоти лабораторӣ роҳи нест кардани коронавирусро дар зарфи ду дақиқа 99,9 фоиз кашф карданд
Муҳаққиқони амрикоӣ муайян карданд, ки хамираҳои дандоншӯӣ бо руҳ ва қалъагӣ қодиранд давоми ду дақиқа коронавирусро 99,9% безарар гардонанд.
Натиҷаҳои озмоишҳои лабораторӣ дар British Dental Journal нашр шудаанд.
Дар саросари ҷаҳон дар як шабонарӯз беш 233 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуданд
Илова бар таъсири ошкоршудаи хамираи дандоншӯӣ, тахминҳое, ки дар ҷараёни як таҳқиқоти дигар ба даст омадаанд, тасдиқ шуданд, ки шустани даҳон бо хлориди сетилпиридиний вирусро низ дар ним дақиқа безарар мегардонад.
"Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе хамираҳои дандоншӯӣ ва шустани даҳонҳо метавонанд муваққатан миқдори вируси SARS-CoV-2 - ро дар даҳон коҳиш диҳанд", - изҳор доштанд олимон.
Дар пурсишҳо 260 нафар беморон бо ташхиси тасдиқшудаи коронавирус ширкат варзиданд. Ҳамаи онҳо аз хамираи дандоншӯӣ ва шустани даҳон истифода мекарданд”.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Мо маводи аслиро дар сомонаи British Dental Journal бо сарлавҳаи “Toothpaste and mouthwash inactivate 99.9% of the viruses that cause COVID-19” (Хамираи дандоншӯӣ ва маҳлули шустани даҳон 99,9% вирусеро, ки боиси COVID-19 мегардад, безарар мекунанд.
“Тадқиқотҳои лабораторӣ нишон медиҳанд, ки хамираҳои дандоншӯӣ дорои руҳ ё қалъагӣ ва маҳлулҳои даҳоншӯии дорои цетилпиридиний (CPC) вирусеро, ки боиси бемории COVID-19 мегардад, 99,9% безарар мегардонанд.
Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе хамираҳои дандоншӯӣ ва маҳлулҳо барои шустани даҳон метавонанд дар пешгирии паҳншавии вируси SARS-CoV-2, ки барангезандаи COVID-19 (коронавирус) аст, бо роҳи муваққатан кам кардани миқдори вирус дар даҳон, кумак кунанд.
Тибқи иттилои Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, вирус тавассути қатраҳои нафаскашӣ ё заррачаҳои хурд паҳн мешавад, ки ҳангоми сулфа, атса задан, сурудан, гуфтугӯ ё нафаскашии шахси сироятёфта ба вуҷуд меоянд”, - гуфта мешавад дар маводи аслӣ.
Яъне ин маводҳо вирусҳоро танҳо дар ковокии даҳон безерар мегардонанд ва роҳи муолиҷа ё нест кардани пурраи вирус аз организми одам нест.
Хулоса
Санҷиши мо собит намуд, ки ҳам ютуб-канали “SAMIMONA TV” ва ҳам хабаргузории “Спутник Тоҷикистон” дар сарлавҳа ва матни маводашон ба дасткорӣ (манипулятсия) роҳ додаанд.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста