Соати тахмин 15:30 дақиқа як ҷавондухтар худро аз болои пули назди бинои ҳукумати Суғд ба дарёи Сир партофтааст. Як манбаъ аз МЧС-и Хуҷанд ба "Азия-Плюс" гуфт, эҳтимолан ин духтар 20-сола аст ва хушбахтона издиҳоми одамон ӯро наҷот доданд. Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки духтар ноболиғ будааст.
Манбаъ афзуд, ҳангоми аз болои пул ба дарё партофтан ҷавоне дар ҳол ба наҷоташ шитофта, аз дасташ доштааст. Шахсияти духтар ва сабаби ҳодиса ҳоло маълум нест. Баъди наҷотёбӣ ӯро кормандони ШКД бурдаанд.
Манбаи "Азия-Плюс" дар МЧС-и Хуҷанд гуфт, то рафтани онҳо издиҳоми одамон ӯро наҷот доданд ва ҳоло сабабу омилҳои қасди ба дарёи Сир партофтани духтарро меомӯзанд, ки худкушӣ буд ё ногаҳонӣ.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста