Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз ин ниҳод оғози моҳи шарифи рамазонро эълон накардааст ва тақвимҳое, ки нашр шудаанд ва дар кӯчаву бозорҳои шаҳру ноҳияҳо фурӯхта мешавад, асос надоранд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфт, тақвими моҳи шарифи рамазон ҳафтаи оянда зимни ҷаласаи Шӯрои уламо дар ҳамоҳангӣ бо Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои ҶТ расман нашр мешавад. Ӯ гуфт дар ҳамин ҷаласа онҳо оғози моҳи рамазонро эълон хоҳанд кард.
Абдуқодирзода ҳамчунин гуфт, ки феълан он тақвимҳое, ки дар кӯчаву бозорҳо фӯрухта мешаванд дуруст нестанд, ва мо ба мардум тавсия медиҳем, ки онҳоро нахаранд. "Зеро ҳар касе ин корро кардааст танҳо ба мақсади тиҷорати худ кардааст ва рӯзи дақиқи рамазон ҳафтаи оянда зимни ҷаласаи Шӯро элон карда мешавад".
Афшини Муқим, котиби матбуотии Кумитаи корҳои дини Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки он тақвимҳое, ки ҳоло фурӯхта қобили қабул нестанд, чун ҳоло қарори Шурои уламо дар мавриди рӯзи дақиқи оғози рамазон содир нашудааст. "Тақвими расмӣ баъди қарори Шӯро нашр мешавад, ки масоили закот ва фитри рӯзаро ҳам дақиқ мекунад. Дар тақвимҳои ҳозир ин мушаххасот нестанд".
Дар назар аст рӯзи 6 апрели ҳафтаи оянда ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор гардад, мегӯяд Афшини Муқим.
Дақиқ нашудани оғози моҳи рамазон дар ҳолест, ки чанде пеш Сайидмукаррам Абдукодирзода ба "Азия-Плюс" гуфта буд, эҳтимол аст имсол моҳи шарифи рамазон дар Тоҷикистон метавонад аз 13 апрел оғоз шавад.
Он вақ раиси Шӯрои уламо гуфта буд: «Маъмулан, рӯзи 29-уми моҳи Шаъбон (11 апрел) аст, ки моҳи нав пайдо мешавад. Ин ҳодисаро астрофизикҳо дар қаламрави Тоҷикистон мушоҳида мекунад ва пас мо санаи дақиқи онро муайян мекунем. Шояд моҳи муқаддас рӯзҳои 13 ё 14 апрел оғоз шавад. Таърихи фаро расидани моҳи Рамазон дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо эълон карда мешавад".
Дар ҳамин ҳол сарфи назар аз расман эълон нашудани оғози моҳи рамазон, аллакай дар кӯчаву бозорҳо тақвмиҳои нашршудаи моҳи рамазон барои соли 2021 фурӯхта мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста