Озодамоҳ Муҳтарамова, овозхони шинохта ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бар асари беморие, ки дошт имшаб даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони овозхон ва овозхонҳои тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд. 

Аз ҷумла Ҳаётой Муминова навиштааст, ки "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарояндаи маҳбуб апаи Озодамоҳ Муҳтарамова даргузашт. Худо раҳмат кунад".

Озодамоҳ Муҳтарамова соли 1955 дар ноҳия Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таваллуд шуда ва таҳсили мактаби миёнаро дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба поён расонидааст. Дар синни 13-солагӣ дар театри халқии ноҳия  ба унвони овозхон  корро оғоз кардааст.

Соли 1989 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон» ва соли 1997 Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро соҳиб шудааст.

Озодамоҳ Муҳтарамова аз 2003  инҷониб  дар ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кору фаъолият мекард.                                                               

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.