Абдураззоқи 91-сола мегӯяд, беш аз 70 сол аст, ки рӯзона як килограмм санг мехӯрад. Дар бораи ин бошандаи вилояти Самангони Афғонистон бахши дарии телевизиони "Садои Амрико" сужае таҳия кардааст.
Дар ин видео Абдураззоқ мегӯяд, ки як кг сангро ҳар рӯз дар баробари ғизои дигари рӯзонааш мехӯрад. Ин мард мегӯяд, ки сангро фақат рӯзона мехӯрад, шаб намехӯрад.
Ин мард мегӯяд, ки 91-сола шудаасту то ҳол бемор нашудааст ва то кунун ягон бор ҳам сӯзандорӣ нашудааст. Зоҳиран ин мард далели бемор нашуданашро аз хӯрдани санг медонад.
Аммо тавре дар ин видео дида мешавад, дар Самангон танҳо Абдураззоқ нест, ки санг мехӯрад. Бошандаи дигари ин вилоят Хайрулло ҳам мегӯяд, ки 25 сол аст боз санг мехӯрад. Ин мард мегӯяд сангхӯрияш аз он ҷо оғоз шуд, ки ба дарди меъда гирифтор шуда буд ва бо санг хӯрдан захми меъдаашро табобат кардааст.
Аммо дар ин видео пизишкон хӯрдани сангро кори дуруст намеҳисобанд ва мегӯянд, ки онҳое, ки санг мехӯранд мушкили равонӣ доранд.
Ҳоло дар вилояти Самангон шумори онҳое, ки ба санг хӯрдан пардохтаанд аз ду нафари чанд сол пеш ба панҷ нафар расидаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста