Имрӯз давраи асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои миёнаи касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо Тоҷикистон ба охир мерасад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Манбаъ гуфт, ки дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ ташкил шуда, довталабон аз 1 то 7 июли соли 2021 имтиҳон супориданд.
- Дар марҳалаи асосии имтиҳонҳо, 103429 нафар довталаб худро сабти ном карданд, ки аз инҳо 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон хатмкардаҳои мактаби асосӣ (синфи 9) мебошанд,-иттилоъ дод манбаъ.
Манбаъи мо гуфт, ки раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар сӯйи Марказ пахш карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20‑уми июли соли ҷорӣ эълон мешавад.
“Азия плюс” аз яке аз нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами №71 шаҳри Панҷакент ташкил шуда буд, дидан кард. Тибқи иттилои масъулин дар ин нуқта 3875 нафар довталаб имтиҳон супоридаанд.
Соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дар шароити ҳамагирии вируси куруно баргузор мешаванд ва имтиҳонот таҳти шадобири шадиди беҳдоштӣ мегузаранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста