Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон ба мақолаи “Азия плюс” дар бораи боло рафтани нархи таксиҳои фармоишӣ вокуниши расмӣ кард, ки дар он гуфта мешавад, нархҳои нав бо ин ниҳод мувофиқа нашудааст
Ин ниҳод бо ирсоли мактуби расмӣ менависад, ки “то ба ҳол ба Хадамот дархост дар хусуси баланд бардоштани нархи роҳкирои таксиҳо аз ҷониби ширкатҳои мусофиркашонӣ ва “Душанбехадамотнақлиётрасон” ворид нагардидааст ва болоравии нархи он аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа расонида нашудааст”.
Иловатан аз ин ниҳод ба “Азия плюс” гуфтанд, ки ширкатҳои хизматрасонии таксӣ роҳкироро ғайриқонунӣ аз пеши худ баланд кардаанд ва онҳо масъулинро барои баррасии масъала даъват кардаанд.
- Мо имрӯз, 1 сентябр ба ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ мактуби расмӣ ирсол намудем ва аз онҳо даъват кардем, ки барои баррасии масъала ба Хадамот ҳозир шаванд. Мо доир ба ин масъала чораандешӣ мекунем. Аз натиҷааш фардо маълумоти иловагӣ ба ВАО пешниҳод мекунем,- гуфтанд аз Хадамоти зиддинҳисорӣ.
Ҳоло маълум нест, ки пагоҳ Хадамот ва ширкатҳои хизматраоснии таксӣ ба чӣ мувофиқа мерасанд. Вале чанд рӯз аст, ки сокинони Душанбе аз баландшвии роҳкирои таксиҳои фармоишӣ шикоят мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки “арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 31 август аз маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба “Азия плюс” хабар дода буданд, ки роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе (“Рахш такси”, “Олу4а такси”, “ЯКтакси”, “Asian Express” ва ғайра) расман қиммат шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, акнун баробари савор шудан ба таксӣ ва то 3 км рафтан, ки 10 сомонӣ буд, мусофирон 15 сомонӣ пардохт мекунанд. Пас аз ин, 1 километри роҳ, ки пештар 2,5 сомонӣ буд, 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.
Дар ин ниҳод гуфта буданд, ки ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ нархи навро бо онҳо мувофиқа кардаанд ва Хадамоти зиддинҳисорӣ иҷозат дод.
- Нархҳои нав дар пасманзарӣ қиммат шудани нархи газу бензин дар кишвар амалӣ шуд, чунки нархи пештара хароҷоти таксиҳоро намепӯшонид,- гуфта буданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста