Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ворид шудани боз беш аз 360 ҳазор воя воксин алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин миқдор воксин мазкур, шоми дирӯзи 12-уми декабр дар доираи механизми КОВАКС вориди кишвар шудааст.
Вазорат мегӯяд аз воксини воридушад 157 ҳазору 950 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ва 302 ҳазору 400 воя ваксинаи “АстраЗенека” мебошад. Ин воксинҳо дар анбори махуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.
То 10-уми декабри дар Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 3 млн 222 ҳазору 924 нафар (55,3%) шаҳрванд воксин зада шудаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 млн 677 ҳазору 138 (45,9%) нафар гирифтаанд. Дар маҷмӯъ дар кишвар бояд 5млн 826 ҳазору 301 нафар бо ваксина фаро гирифта шаванд.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V" (истеҳсоли Русия), CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо), Moderna ва Pfaizer (ИМА).
Дар ҳамин ҳол, давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавнируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста