Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рӯзи 13 декабр ба Тоҷикистон 153 ҳазор вояи иловагии ваксинаи Pfizer эҳдо кард.

“Боқимонда 146 ҳазору 520 воя ваксина ин ҳафта интиқол дода мешавад ва шумораи умумии онҳо ба 299 ҳазору 520 адад мерасад”, - хабар медиҳад сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии хайрияи ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон, ки то имрӯз интиқол дода шудааст, аз ваксинҳои Pfizer - 823 ҳазору 680 воя ва Модерна - 1 млн 622 ҳазору 500 вояро ташкил дода, дар маҷмӯъ ба 2 млн 446 ҳазору 180 воя расонида хоҳад шуд.

Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли бо ишора ба муваффақияти маъракаи эмгузаронии Тоҷикистон, ки аллакай беш аз 40 дарсади кишварро фаро гирифтааст, чунин шарҳ дод:

«Мо ният дорем, ки Тоҷикистон то моҳи сентябри соли оянда дар доираи барномаи ваксинзанӣ ба 70 дарсади пурраи эмкунӣ бирасад, ки ин як қисмати ташаббуси маъмурияти Президент Байден «Ҷаҳонро эм кунед!” мебошад”.

Зикр мешавад, ки аз моҳи марти соли 2020 ИМА барои кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 ба маблағи беш аз 12 млнн доллар таҷҳизот ва дастгирии техникӣ ҷудо кардааст.

Ин дастгирӣ барои хариди лавозимоти тиббӣ-санитарӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ; такмили лабораторияҳо, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва тиб, инчунин дастгирии кӯшишҳои эмкунӣ дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.