Вазорати фарҳанги Тоҷикистон то ба ҳол ба хулосае наомадааст, ки тарҳи сару либоси тавсиявии мардона дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд. Дар ин бора вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти мутбуотии имрӯза, 31 январ хабар дод.
Вазири фарҳанг гуфт, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон аллакай омода ва барои ҷомеа пешниҳод шудааст, вале дар мавриди дастурамали либосҳои тавсиявии мардони Тоҷикистон кор бурда истодаанд.
- Баъди пурра мавриди баррасӣ қарор гирифтани дастурамали мазкур, мо ба ВАО иттилоъ хоҳем дод. Айни ҳол корбарӣ рафта истодааст,-афзуд Зулфия Давлатзода.
Вазири фарҳанг дар нишаст гуфт, ки дар сурати ниҳоӣ шудани либосҳои тавсиявӣ барои мардон, ин тарҳро барои ҷомеа пешниҳод хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2017 Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросими дигар танзим мекунад.
Ин ниҳод афзуда буд, ки «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҳосили кори се идораи давлатӣ – Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон буд.
Гуфта мешуд, ки ин дастурамал бо ҷалби тарроҳону донандагони анъанаҳои либоси миллӣ таҳия шудааст, ба занону духтарони синни гуногун – аз 7 то 60-сола ва аз он боло пӯшидани навъҳои либосҳои ба қавли муаллифон “миллии муосири тоҷикӣ”-ро машварат медиҳад.
Ин тарҳ дар ҷомеа вокунишҳои зиёдеро барангехта буд ва бархеҳо мегуфтанд, ки мақомот ба василаи ин тарҳҳо тмехоҳанд либоспӯшии бахше аз қишрҳои ҷомеаро назорат кунанд.
Ҳамин тариқ, моҳи ноябри соли 2017 як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс” хабар дод, ки сарулибоси кормандони вазорату идораҳо дар Тоҷикистон ягона ва мутобиқ ба нишон ё аломати фарқкунандаи ин ё он вазорату идора хоҳад шуд.
Аммо дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфта буданд, ки вазорат барои навъҳои сарулибоси занона бо услуби миллӣ тарҳҳо омода намудааст.
«Назди лоиҳаи мо вазифа гузошта нашуда буд, ки барои идораҳои ҷудогона либоси ягона омода намоем, онҳо (кумитаву вазоратҳо) худашон мустақилона барои худ шакли сарулибосро интихоб карда метавонанд», - гуфта буданд дар вазорат.
Гуфта мешуд, ки дар Кумитаи кор бо занон ва Кумитаи заминсозиву геодезия аллакай барои кормандонашон андозаи сарулибосро гирифтаанд.
Аммо онҳоро гӯё президенти Тоҷикистон маъқул нашуморидааст ва бинобар ин онҳо барои коркарди дубора ба муаллифонашон баргардонида шудаанд. Рӯи албоми тарҳҳо айни замон комиссияи махсус кор мекунад.
Баҳси сарулибоси ягона дар Тоҷикистон солҳост, ки доғ аст. Мақомот бархе сару либоси занонро ба фарҳанги бегона рабт медиҳанд ва тарҳи либосҳое аз фарҳанги миллиро пешниҳод мекунанд. Вале аҳолӣ мегӯянд, Тоҷикистон давлати демократӣ аст ва ҳар кас ҳақ дорад сарулибсои хости худро ба бар намояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста