Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ (Росавиатсия) ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки парвозҳои байнулмилалиро қатъ кунанд. Аз Русия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои чор ширкати ин кишвар парвоз мекарданд, ки яктои онҳо парвозҳоро бекор кардааст.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон ҳамсуҳбат шуда, аз онҳо пурсид, ки минбаъд вазъ чӣ гуна мешавад.

Аз Тоҷикистон ба Русия 4 ширкат парвозҳо анҷом медиҳанд: «Уральские авиалинии», UTair, «Северный ветер» ва «Сибирь». Яке аз ин ширкатҳо – «Сибирь» аллакай парвозҳоро ба Тоҷикистон қатъ кард.

Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” дар Тоҷикистон, ки ин ширкат аксарияти парвозҳоро ба Русия аз шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон иҷро мекунад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки алҳол дар бораи боздошти парвозҳо сухан намеравад.

“Ҳоло дар бораи боздошт, кам ё зиёд кардани шумори парвозҳо аз кишвари мо ба шаҳрҳои Русия аз раҳбарият ягон супориш нагирифтаем. Айни замон ширкат аз 4 фурудгоҳи Тоҷикистон дар як ҳафта 50-60 парвоз ба Русия анҷом медиҳад ва ҳамаи парвозҳо тибқи ҷадвал сурат мегиранд”, - мегӯяд Лолаев.

Ба гуфтаи вай, парвози ҳавопаймоҳои “Уральские авиалинии” ба зиёда аз 20 шаҳри Русия ба роҳ монда шудааст.

Намояндаи Utair Ҳусейн Усмонов ба “Азия-Плюс” дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки ширкати онҳо низ ба анҷоми парвозҳои худ идома дода, дар бораи боздоштани парвозҳо ба Тоҷикистон ҳоло ҳеҷ хабаре нест.

“Мо аз Тоҷикистон ба Маскав дар як ҳафта 7 парвоз анҷом медиҳем. Ҳоло ҳамаи парвозҳои мо мувофиқи ҷадвали пешбинишуда иҷро карда мешаванд. Масалан, рӯзи 7 март як парвоз аз Душанбе ба Маскав сурат гирифт. Доир ба қатъи парвозҳо бо Тоҷикистон ҳоло ягон дастуре нагирифтаем”, - гуфт Ҳусейнов.

“Ба мусофирон пулашонро бармегардонем”

Айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”- Русия парвозҳояшро ба кишвари мо қатъ кардаааст. Намояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов ба “Азия-Плюс” изҳор кард, ки онҳо пули билетҳои харидаи мусофиронро бармегардонанд.

“Ширкат 100% пули билетҳои харидаи мусофиронро аз ҳар ду самт бармегардонад. Ба мусофирон лозим аст, ки ба сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ www.s7.ru ворид шаванд, то ки аз тарзҳои гирифтан ва аз куҷо дастрас намудани пули билетҳо огаҳ шаванд”, - зикр кард Ҳасанов.

Ба гуфтаи ӯ, дар як моҳ ширкат аз 4 фурудгоҳи Тоҷикистон зиёда аз 80 парвозҳоро ба 10 шаҳри Русия - Маскав, Новосибирск, Омск, Екатеринбург, Краснодар ва ғайра анҷом медод.

Талошҳои “Азия-Плюс” бобати тамос гирифтан бо ширкати ҳавопаймоиии русиягии “Северный ветер” ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти шарҳи онҳо оид ба ин масъала бентаиҷа анҷом ёфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.