Филми мустанади “Аз ҳад калон” («Слишком большой»)-и Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, дар ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур, ки 7 - 11 сентбяр дар Қазоқистон баргузор шуд, беҳтарин мустанад эълон гардид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҷашнвора хабар дода шудааст.
Мустанади Абдуллоҳ Ғурбатӣ ягона филм аз Тоҷикистон буд, ки дар баробари 17 филми намояндагони дигар кишварҳо, дар ин ҷашнвора намоиш дода шуда, дар бахши филмҳои байналмилалӣ “Беҳтарин филми мустанад” дониста шуд.
Филми "Аз ҳад калон" аз сарнавишти кӯдаке бо номи Абдураҳмон қисса мекунад, ки ҳамагӣ 13 сол дошта, бо сабаби тангдастӣ аз дарсу илмомӯзи дур мондааст ва дар бозор аробакашӣ карда, бори зиндагӣ пеш мебарад. Ин наврас мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш дар мактаб таҳсил кунад, аммо фақр ва шароити душвори оилавӣ ба ӯ ин имкониятро намедиҳад.
Ин филмро тақрибан чор моҳ пеш дар Ӯзбекистон низ, дар доираи як ҷашнвора намоиш дода буданд ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчун муаллиф ба таври онлайнӣ дар намоиш иштирок ва филмро муаррифӣ карда буд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд. Дар оғоз мақомот ӯро барои итоат накардан ба корманди пулис боздошт карданд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
“Маълумот доред, пешниҳод кунед”. Оҷонсии зиддифасод гуфт, соли 2023 кадом ниҳодҳоро месанҷад
Дар Панҷакент Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2023-2025 қабул шуд
11 соли маҳрумият аз озодӣ барои куштори ноболиғ
Шавкат Бобозода баъди барқарор кардани 280 ҳазор доллар ва пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шудааст
Сорбон: Решаи мадҳ тамаллуқ аст
Дар ҷануби Тоҷикистон сохтмони ду роҳи мошингард оғоз мешавад
Оҷонсии зиддифасод боздошти раиси дастгоҳи Раштро расман тасдиқ карда, оид ба раис маълумот надод
Аз танзими муҳоҷират то аъзогӣ ба Иттиҳоди иқтисодӣ. 5 саволи мубрам барои Тоҷикистон дар соли 2023
Дар панҷ шаҳри Тоҷикистон маркази ҷудо бунёд мекунанд
Пешниҳоди афви 500 ҳазор муҳоҷири бинокори тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста