Профессор Иброҳим Усмонов, аз нахустин муҳаққиқони соҳаи журналистика ва шинохтатарин чеҳра дар ин пеша, дар моварои ҷашни таваллудаш ва 30-солагии таъсиси факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо “Азия-Плюс” сари суҳбат нишаст. Ин муҳақиқ аз гирудорҳои ташкили аввалин шӯъба ва факултети журналистика дар Тоҷикистон ёд кард ва гуфт, “барои ташкили факултет ин ҳама заҳмату якравиву пофишориву хуни дил шуданҳоро аз сар гузаронидам, ҳоло бошад, дилам ба ҳоли бечорагиаш месӯзад”.

Иброҳим Усмонов кори журналистиро комилан сиёсӣ хонд ва суол гузошт, журналисте, ки сиёсатро наомӯхтааст ва худро аз он канора мегирад, оё аз ҳаққи худ ва миллаташ дифоъ карда метавонад?

Мавсуф таъкид дошт, “ҳеч гоҳ фаромӯш накунед, ки журналистика бо сиёсат тавъам аст ва дар якҷоягӣ ҳукуматро бунёд месозанд. Агар журналистика аз сиёсати ҳукумат нагӯяд, миллат ба калавишҳои дигар мувоҷеҳ мегардад”.

Дар ҳамин ҳол, аз Иброҳим Усмонов пурсидем, ки барои омода намудани ин гуна кадрҳо нақши факултети журналистикаи ДМТ, ки ҳамакнун 30 сола шуда, чӣ андоза аст?

Факултети дуюми филология

- Фикр мекунам, дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳоло аз он факултети солҳои аввал чизе намондааст ва будани чунин як факултет ҳис намешавад. Он чи ки имрӯзҳо бо номи факултети журналистика муаррифӣ мешавад, мутаассифона, ба факултети дуюми филологияи тоҷики ДМТ монанд аст. Чаро? Аз нигоҳи барномаи дарсӣ, тайёр кардани кадрҳо, устодони таълимдиҳанда, корҳои илмӣ, мақсадҳои эҷодие, ки дар назди факултет истодааст, рӯҳияи ками журналистӣ доранд.

Ман аз муаллимоне, ки ҳамаи тору пудашонро ба ин касб бахшидаанд, ба мисли  Ҷовид Муқим, Қироншоҳ Шарифзода, Сангин Гулов, Мурод Муродӣ, Аъзамҷон Азимов ва чанд нафари дигар бо ифтихор метавонам, ки сухан гӯям. Инҳо воқеан ҳамчун журналист фаъолият кардан мехостанду мехоҳанд. Вале муҳити имрӯзаи факултет, мутаассифона, муҳити журналистӣ нест.

Дар зарфи декании 4 шахси ба журналистика наздикӣ надошта, яке адабиётшинос, сониаш муаррих, сеюмаш забоншинос ва охиринаш гарчи журналист аст, вале майли бештари филологӣ дорад, муҳити журналистии факултет коста гардида, сӯйи нобудӣ меравад.

- Чунин назари нохушбинонаатонро сабаб ё далел чист?

- Аз он ки боз ҳам мутаассифона, имрӯз дар ин факултет аксар нафароне дарс мегӯянд, намедонанд, жанрҳои публистистика чӣ аст ва як соат ҳам дар майдони амалии ин пеша фаъолият накардаанд. Ин барои факултети журналистика фоҷеаи талх аст. Ё нафароне, ки публитстистикаро ҳанӯз сарфаҳм нарафтаанд, ҳоло кори диссертатсионӣ гирифта, номзаду доктор мешаванд. Ҳоло чунин олимшавандаҳо шояд ба дарки он нарафтаанд, ки дар рисолаи илмӣ киро пропаганда мекунанд. Масалан, асарҳои устод Айнӣ барои он мавзӯи кори диссертатсионӣ мешуд, ки ӯ дар бораи миллат, барои миллат менавишт ва рӯҳи замонро инъикос мекарду таъсир мерасонид. Ё устод Турсунзода тавассути осораш рӯҳияи ҳизби пешбари сохти шӯравӣ - Ҳизби комунистиро ба вуҷуд меовард. Ҳоло осори публитсистии нафароне, ки аз маҳдудаи як ноҳия берун касе нахондааст, дар факултети журналистика мавзӯи кори диссертатсионӣ мешавад. Ман ҳайронам, ки онҳое агар мехоҳанд, имрӯз кори илмӣ дар соҳаи публитсистика анҷом диҳанд, чаро осору рӯзгори публистистоне ба мисли Отахон Латифӣ, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Акбари Саттор ва ё Додоҷони Атовулло, Раҷаби Мирзо, Хуршед Атовулло, Шариф Ҳамдампур ва Сайёфи Мизробро намеомӯзанд?


Фикр мекунам, дар факултети журналистика сабаби таҳқиқ нашудани фаъолияти касбии журналистон ва публистистони тоҷик он аст, ки дар китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва раванди таълим дар бораи хусусияти хоси журналистика ва журналистони тоҷик тақрибан чизе таълим дода намешавад. Ҳол он ки ҳар кадом ихтисосро аз рӯи материалҳои худӣ таълим медиҳанд. Азбаски адабиёти тоҷик хеле хуб таҳқиқ гардидааст, перомуни ҳар кадом адиб ва самти пешгирифтаи вай материали зарурӣ пайдо намудан мумкин аст, аммо дар журналистика, ки имрӯз таҳқиқи илмии журналистӣ неву таҳқиқи илмии адабӣ мегузаронанд, ин чиз ба назар намерасад.

- Ин шояд аз дуруст нашинохтани журналистика аст?

- Интелегенсияи филологиву таърихшиносии тоҷик шояд дар ҷаҳон ягона бошанд, ки андеша доранд, журналистика нахонда, журналист шудан мумкин аст. Ва танҳо дар Тоҷикистон намехоҳанд, ки илми журналистика аз филология ҷудо шаваду ба роҳи худаш равад. Филология – ин эстетика аст, журналистика – ин сиёсат аст. Вазифаи адиб базеб гуфтану бо тасвир навиштан аст ва вазифаи журналист ба таъсир гуфтану воқеиятро навиштан аст. Адибон намехоҳанд, ки ба сиёсат ворид шаванд ва ин борро бар дӯш гирифта наметавонанд. Пас, филологияву журналистикаро ба ҳамдигар пайвастан - хиёнат дар роҳи эҷод маҳсуб мешавад. Барои ҳамин, вақте дар факултети журналистика кадр омода кардан мехоҳанд, танҳо навиштанро не, балки сиёсат ва ҳақиқати зиндагиро бояд биёмӯзонанд. Ба вижа, фанни сиёсати журналистӣ, курси махсуси сиёсати имрӯз ва мантиқи журналистӣ дошта бошанд. Ҳоло бошад, мутаассифона, факултети журналистики ДМТ инро иҷро карда натавониста истодааст.

- Шумо аз тобиши филологӣ пайдо намудани журналистика ҳарф задед. Оё ин аз матбуоти маорифпарваронаи гузаштаи мо сарчашма намегирад?

- Агар шумо ба маънои журналистикаи маорифпарваронаи матбуоти аввали асри ХХ ишора мекарданӣ бошед, танҳо як ба навиштаҳои Беҳбудӣ, Мирзо Сироҷ, Фитрат, Сайидризо Ализода ва Абдуқодир Муҳиддинов нигоҳ кунед, кофист.

Шумо инро пазиред, ки омӯзгорони факултети журналистика ин ҳолро ба сари журналистикаи кишвар оварданд ва андешаи навжурналистон ҳоло адабиёт асту тасвиру каломи равон ва тамом. Агар боз матбуоти маорифпарваронаро баҳона пеш меоварда бошед, намунаи боризи посухи шумо, ҳоло роҳи пешгирифтаи журналистикаи Япония аст. Шумо бояд инро донед ва ман дигар чизе намегӯям.

- Аммо мо таъйид мекунем, ки вазни сиёсии дарсии журналистикаи имрӯза назар ба 40 соли пеш хеле коҳиш ёфтааст ва кам монда, ки он холӣ аз сиёсат шавад...

- Бале. Ҳоло шумо таваҷҷӯҳ кунед, ки дар чандсолаи ахир сари калобаи дунё гум шудааст ва дар ҳама ҷой сухан аз сиёсат меравад. Вале дар расонаҳои Тоҷикистон шумо як барномаи таҳлилии сиёсӣ ва ё матлаби ташреҳиро пайдо мекунед? Не! Ҳама шеъру гулу дафу карнай асту бас.

Шумо таваҷҷӯҳ кунед, дар ҳамон  солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон онҳое, ки мавқеъ гирифтанд ва ҷонибдории ҳукумат ё мухолифатро мекарданд, аксарият журналистикаро хатм карда буданд. Ин боз ҳам аз он шаҳодат медиҳад, журналистика сиёсат аст.

Пас, журналисти тоҷике, ки сиёсатро наомӯхтааст ва худро аз он канора мегирад, аз ҳаққи худ ва миллаташ дифоъ карда метавонад? Журналисти тоҷике, ки имрӯз аз сиёсати дохилии кишвар ҳарфе намезанаду аз он ба таври ошкоро гуфта наметавонад, фардо дар ҳодисаву воқеаҳои ба вуҷуд меомада ва дар замони нооромӣ аз миллату давлат ҳимоят карда метавонад? Боз мегӯям, ки дар ҳеч кадом ҷанге адибонро ба майдон намефиристанд, аммо бидуни журналистон ҷанг намекунанд. Дар ҳама пирӯзие бояд нафаре бошад, ки ғолибро ба ҷомеа муаррифӣ намояд ва ин албатта, журналист аст.

Фаромӯш накунем, ки журналистика бо сиёсат ҳамеша тавъам аст ва дар якҷоягӣ ҳукуматро бунёд месозанд. Агар журналистика аз сиёсати ҳукумат нагӯяд, миллат пеш рафта наметавонад ва ин боз оммаи мардумро ба калавишҳои дигар мувоҷеҳ месозад.

“Нав ташкил карданием”. Ректор ба сари нанг омад

- Шумо аз ҷумлаи нахустин донишҷӯёни шӯъбаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) маҳсуб мешавед, ҳоло гуфта метавонед, ки дар Тоҷикистон нахустин шӯъбаи рӯзноманигорӣ чӣ гуна ташкил шуд ва оғози дарсҳо чӣ тавр буд?

- То соли 1966 дар ҳеч кадом мактабҳои олии Тоҷикистон журналист тайёр намекарданд. Роҳбарони онрӯзаи низоми таҳсилот гумон доштанд, ки маълумоти махсуси журналистӣ даркор нест ва ҳар касе навишта метавонад, журналист аст. Аз тоҷикон, аз рӯи хондаву шунидаам, он солҳо танҳо Бобоҷон Ғафуров ва Хӯҷабек Зулфиқоров дар Маскав ва Отахон Латифӣ дар Ленинград (Санкт – Петербурги имрӯза) Университети журналистикаро хондаанд ва чанд каси дигар бошанд, дар мактаби олии ҳизбӣ журналистика омӯхтаанду тамом.

Таъсиси шуъбаи журналистика дар Университети давлатии Тоҷикистон ба ташаббуси ректори вақт академик Солеҳ Ашӯрхӯҷаевич Раҷабов иртибот мегирад. Азбаски дар як маҷлиси калоне дар Маскав сухан аз ихтисоси журналистика меравад, он кас аз минбар эълон медоранд, ки “мо ихтисоси журналистиро надорем ва нав ташкил карданием”. Ва пас аз баргашт, дар соли 1966-ум, шуъбаи журналистикаро ба эълони қабули донишомӯзони Университети давлатии Тоҷикистон илова менамоянд.

Мо нахустин довталабони ин ришта дар кишвар ҳисоб меёбем. Соли аввал аз конкурси қабул ба мактабҳои олӣ, ба хусус ба шуъбаи журналистика гузаштан ниҳоят душвор буд. Ин ихтисоси навташкил талабгорони зиёд дошт. Дар факултети филологияи тоҷик се ихтисос буд: муаллими забон ва адабиёти тоҷик (филолог), шарқшиносӣ (забонҳои арабӣ ва форсӣ) ва журналистика. Дар ҳамин ҳол, ба шуъбаи журналистика қариб 200 кас ҳуҷҷат супорида буданд. Аз онҳо бояд 25 кас қабул мешуд. Вақти имтиҳони қабул дар назди муаллимони филолог профессор Ш.Ҳусейнзода, дотсентҳо С.Табаров, С.Имронов, С.Ҳалимов С.Воҳидов ва аз муаррихон профессор М.Р. Шукуров имтиҳон супоридем. Моҳи сентябр дарс сар шуд. Декани факултети филология Мукаррама Қосимова буданд, аммо мо ҳар рӯз бо муовинашон Миср Эшниёзов сару кор доштем.

Ду шахсияти як шуъба. Яке муаллими ҷавон, дигаре - пири бовиҷдон

- Оё дар ин ихтисоси нав омӯзгорон буданд?

- Ба донишҷӯёни нахустини шуъбаи журналистика коркунони рӯзномаҳо омада дарс медоданд. Аз ҷумла, Файзиддин Абдураҳимов - мудири шуъбаи рӯзномаи “Тоҷикистон советӣ”, Иброҳим Отахонов - сармуҳаррири шуъбаи ҷавонони ТВ “Тоҷикистон”, Яков Налский - мухбири калони маҷаллаи “Тоҷикистон”, Михаил Гавриэлов - ҷонишини котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистон советӣ” ва Ризо Ҷавводзода аз Шӯрои олии вақт буданд. Аз онҳо ҳеч нафарашон дипломи журналистиро надоштанд, аммо журналист буданд ва хеле хуб дарс мегуфтанд.

Дарвоқеъ, маҳз чунин муносибат ба таҳсилот имрӯз дар факултети журналистика нест, яъне, ҳеч журналисте аз майдони эҷодӣ ба донишҷӯён дарс намегӯяд ва аксари омӯзгорони факултет, ягон рӯз ҳам дар журналистикаи амалӣ фаъолият накардаанд.

- Нақши Хӯҷабек Зулфиқоров ва Воҳид Асрорӣ дар ин боргоҳ чӣ андоза буд?

- Аввалин муаллимони соҳибмаълумоти шуъбаи журналистика Хӯҷабек Зулфиқоров ва Воҳид Мирашӯрович буданд. Зулфиқоров соли 1966 ба сифати муаллими асосӣ - муаллими фанни назария ва амалияи журналистика - дарсдиҳиро сар карданд. Он кас факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносовро аз рӯи ихтисоси “Кори нашриёт” хатм карда буданд ва як сол дар нашрияи “Тоҷикистони советӣ” фаъолият намуданд. Рости гапро гӯям, мо донишҷӯёни солҳои шастум, ин муаллими беунвону ҷавонро ҳам аз нигоҳи одамгарӣ, ҳам аз нигоҳи таълим, ҳам аз нигоҳи одоб ва инсоф аз бисёр муаллимони унвондор, ки дидему донистем, ба маротиб боло мегузоштем. Ҳеҷ вақт ягон донишҷӯ Хӯҷабек Зулфиқоровро барои амалкарде гунаҳгор карда наметавонист, чунки чунин айб надоштанд. Муаллим  Зулфиқоров канда-канда бошад ҳам, то охири умрашон корро дар шуъбаи журналистика идома доданд.

Хӯҷабек Зулфиқоров
Акс аз бойгонии Қироншоҳ Шарифзода

Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ соли 1968 вақте рисолаи докториро ҳимоя карда баргаштанд, мудири кафедра таъйин шуданд, ки шуъбаи журналистика дар ҳайати он буд. Виҷдони пок, сухани рост, дили пур доштанд. Ҳеҷ вақт аз гапашон намегаштанд. Он кас аз таҳрири адабӣ ва адабиёти советӣ дарс медоданд, вале ҳамеша аз муҳити журналистии солҳои 1930-1960-ум, солҳое, ки дар журналистика фаъолият доштанд, мисол зада, фазои журналистиро ба вуҷуд меоварданд. Шахсияти муаллим Асрорӣ шуъбаи журналистикаро нерӯ мебахшид. Сахтгап буданд, аммо самимӣ ва ғамхор. Марди замонавӣ ва озодипараст ва дар фаҳмиши имрӯза иродаи демократӣ доштанд.

Аз Нуралиев то Усмонов

- Аз муаллимони минбаъдаи ин шуъба чӣ гуна ёд мекунед?

- Муаллим Абдусаттор Нуралиев ҳам дар охири солҳои 60-ум ҳамчун мутахассиси ҷавон ба УДТ даъват шуданд. Он кас факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм намуда буданд ва муддате рӯзномаи сертиражи ин донишгоҳро муҳаррирӣ кардаанд. Яъне, таҳрир ва таҷрибаи журналистиро доштанд. Таърихи журналистикаи хориҷиро хуб медонистанд ва аз ин дар корҳои илмиву эҷодӣ истифода мекарданд. Дар ибтидои корашон забони адабии тоҷикиро хуб намедонистанд ва бо забони русӣ дарс мегуфтанд, вале донандаи хуби низоми таҳсилот буданд. Барномаи таълимии моро бо барномаи таълимии Донишгоҳи Маскав баробар намуда, ба амал дароварданд ва шуъбаи журналистика хеле рушд кард.

Профессорон А. Нуралиев ва Б. Камолидлдинов
Акс аз бойгонии Қироншоҳ Шарифзода

Пас аз Нуралиев, ба сифати муаллими касбӣ, бо хатми факултаи журналистикаи УДМ ба номи Ломоносов ман ба шуъбаи журналистика омадам. Ин соли 1976 ва баъди ҳимояи кори номзадӣ дар Маскав буд. Ҳамин вақт зербинои соҳаи журналистика рехта мешуд ва аввалин журналистони касбӣ дар Тоҷикистон тайёр мегардиданд. Ҳатто донишҷӯёни дигар ихтисосҳои факултети филология бисёр талош мекарданд, то ба ихтисоси журналистика интиқол гиранд.

“Тирҳо хок мехӯрданд”. Якравиҳои Асрорӣ ва Мукаррама Қосимова

- Ба ташкили нобаҳангоми шуъбаи журналистика ва обрӯ пайдо намудани он ҳеч нафар ё ниҳоде муқобилият намекард?

- Аз аввалин рӯзи таъсисёбии шуъбаи журналистика олимони соҳаи филология муқобил баромада буданд ва мегуфтанд, ки “чӣ даркор журналистика?!”. Аз рӯи ин шуъба ба Кумитаи Марказӣ (КМ) борҳо мактуб навишта буданд ва дар матбуот низ баҳсҳоеро ба вуҷуд меоварданд.

“Кадрҳои факултети филология кифоят мекунанд, ки дар кишвар фаъолияти рӯзноманигорӣ пеш равад”, - мегуфтанд ин нафарон ва мисол мезаданд, - “имрӯз ҳама журналистони тоҷик филологияро хатм кардаанд ва корашонро ба таври кофӣ пеш мебаранд. Пас, чаро мо бояд шуъбаи журналистика дошта бошем?”.
Профессор Мукаррама Қосимова
Акс аз бойгонии Қироншоҳ Шарифзода

Ёд дорам, ҳатто як шахсияти шинохтаи соҳаи филология, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, ошкоро гуфта буданд, ки “ман ба донишҷӯёни шуъбаи журналистика дарс намегӯям!”. Ба хушбахтии журналистон, дар ин шуъба мавқеи қотеонаи муаллим Асрорӣ хеле таъсир мегузошт ва талошу якравиҳои якҷояи он кас бо Мукаррама Қосимова буд, ки ин “тирҳо хок мехӯрданд”.

Мақоми “ранҷида” ба муқобили шуъбаи журналистика

- Дар ҳамин ҳол, шуъбаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон дар соли 1971 баста шуд...

- Бале, аз соли 1966 то 1971 шуъба амал кард, аммо аз лиҳозе, ки дар вақташ ташкили чунин як ихтисосро бо мақомоти расмии Тоҷикистон мувофиқа накарда буданд, КМ ҲКТ солҳои дароз ҳамчун мақоми “ранҷида” ба муқобили шуъбаи журналистика мебаромад ва талоши барҳамзанӣ мекард. Як замон баҳси доғтарини таърихӣ байни Ғоиб Қаландаров - раиси вақти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо котиби идеологии КМ сурат гирифта буд. Қаландаров бо қатъияти тамом он вақт ба котиби идеологӣ собит намуда буданд, ки ба муқобили шуъбаи журналистика дидгоҳи нодуруст дорад ва ин мухолифаташ тамоман беҷост.

Ҳамин тавр, якравиҳои ҳамаи мо ниҳояти корро муайян накард ва шуъбаи журналистикаро барҳам дода, онро чун ихтисос ба қайд гирифтанд. Пас аз ин, ба ихтисоси журналистика ҳамчун “фарзанди угай” менигаристанд ва ба дипломи хатмкунандагони он “филолог” менавиштанд.

- Воҳид Асрорӣ чӣ андоза дар зинда мондани журналистика нақш доштанд?

- Муаллим Асрорӣ дар талоши ҳамчун журналистика эътироф гардидани ихтисоси журналистика кори бисёреро анҷом доданд.

Аввал, муаллимони калонсол ва соҳибмавқеи факултетро бовар кунондан даркор буд, ки журналист педагог нест ва ҳар филолог ҳам журналист шуда наметавонад. Зеро мактаби олӣ ба филологҳо моҳияти жанрҳои адабӣ ва ба хонанда шиносонидани онҳо ва дар ҳамин замина омӯзонидани таърихи адабиётро ёд медиҳад. Аммо муаллими журналистика ба шогирдонаш чӣ тавр навиштан ва ҳақиқатбаёниро ёд медиҳад. Журналистика роҳи дигар дораду филология - роҳи дигар.

Профессор Воҳид Асрорӣ
Акс аз бойгонии Қироншоҳ Шарифзода

Сониян, ихтисосро расмӣ кардан лозим меомад, зеро Ҳукумати Тоҷикистон онро ба расмият намешинохт. Қариб 20 сол дар факултет журналистика ним ихтисосу ним шуъба амал мекард. Ихтисос он буд, ки таҳсили илми журналистика дар чорчӯби 480 соат сурат мегирифт ва чанд соати дигари таҷрибаомӯзӣ дошт. Дар дипломи хатм ихтисосро маъмулан “муаллими забон ва адабиёт” менавиштанд. Ба ғайр аз ихтисос, дигар ҳамаи фанҳои таълимиро журналистон чун филологҳо меомӯхтанд. Курсҳо низ мустақил набуданд ва таҳсили ихтисосӣ аз курси дуввум шурӯъ мешуд. Яъне, мо журналистонро аз ҳисоби филологҳо баъди хатми курси якум, бо навиштани иншо дар мавзуи озод, ба таври озмун қабул мекардем. Аз сабаби он ки мо довталабонро ба ихтисоси журналистика бо иншои санҷишӣ қабул мекардем, яъне, донишҷӯёни болаёқат меомаданд, ин муаллимони муътабари ихтисосҳои дигарро норозӣ мекард.

Агар муаллим Асрорӣ намебуданд, кайҳо хоки ихтисоси журналистикаро мебехтанд. Ба домулло Асрорӣ камобеш муаллим Зулфиқоров, ки андак гапногир буданд, ёрӣ мерасониданд. Ман аксаран бо муаллим Асрорӣ будам ва дар ҳама ҷо ҳарфамро мезадам. Муаллим Абдусаттор Нуралиев чун кӯҳ вазнину хомӯш, доим бо танзими ҷадвали дарс (ҷойнишини декани факултет буданд) банд мешуданд, дар номанависӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо фаъол буданд. Барои Асадулло Саъдуллоев ҳам танҳо муаллим будан кифояткунанда буд.

“Кафедраи Асрорӣ”. Бозёфти журналистӣ маҳсуб мешуд

- Ихтисоси журналистика пас аз ин чӣ гуна рӯйи по меистод ва барои тайёр намудани рӯзноманигорони касбӣ чӣ талошҳое анҷом дода мешуданд?

- Пас аз барҳам хӯрдани шуъба, ихтисоси журналистика ба кафедраи “Фолклор ва методикаи таълими забону адабиёт” вогузор шуд ва муаллим Асрорӣ мудираш буданд. Дар солҳои 80-ум бо назардошти мақсади аслаш дар муҳити факултети филология, ин кафедраро “Кафедраи журналистика” ё  “Кафедраи Асрорӣ” ном мебурданд.

Муаллим Асрорӣ барои зинда нигоҳ доштани журналистика, дар кафедраи мазкур кадрҳои ҷавонро ба кор гирифтанд ва онҳо ҳамзамон ба таҳқиқоти илмӣ рӯй оварданд. Азбаски шуъба баста шуд, ягона имконияте, ки самаранок истифода намуданамон мумкин буд, ин 14 курси махсуси ҷудошуда ҳисоб мешуд. Мо бо баҳонаҳои курс ва семинарҳои махсус пофишорӣ мекардем, ки ин 480 соат ба се тақсим шавад, то ба дарс додани предметҳои нави журналистӣ ҳам имкон пайдо гардад.

Воҳид Асрорӣ бо Пайванд Гулмуродзода
Акс аз бойгонии Қироншоҳ Шарифзода

Ҳамзамон, кафедраи мо чорабиниҳои иҷтимоии зиёд дошт, ки аксарияти онҳо бо ибтикори Зулфиқоров ва дастгирии муаллим Асрорӣ ва завқи журналистони оянда доир мешуданд. Намунаи онҳо нашри рӯзномаи девории “Журналист”, рӯзномаҳои ҳисоботии ҳамаи курсҳо баъди таҷрибаомӯзӣ, ҳамкорӣ дар нашри “Ба қуллаҳои дониш”, маҳфили эҷодии “Петит”, маҳфили илмӣ, маҳфили мулоқот бо “Одамони наҷиб” ва “Маҳзар” буданд. Бо даъват ва эҳтироми муаллим Асрорӣ намоёнтарин олимону адибон ба мулоқоти донишҷӯён меомаданд. Ҳамаи роҳбарони матбуоти Тоҷикистон бо кафедра ҳамкорӣ доштанд, меомаданд ва донишҷӯёнро ба ҳамкорӣ даъват мекарданд.

Ҳамин тавр, мо дар факултет роҳҳои хоси худро мекофтем. Охирҳои солҳои ҳафтодум ҳамкорам дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” - Асадулло Саъдуллоевро, ки соатбайъ дар кафедраи адабиёти советӣ дарс медод, барои пурра шудани соатҳои кафедра даъват намуда, дарси “Ороиши техникии рӯзномаву маҷалла”-ро тақдим кардем.

Дар ҳамин замон (1980-1983) муаллим Асрорӣ чанд ҷавонро, ба мисли Пайванд Гулмуродзода, Муртазо Зайниддинов ва Аъзамҷон Азимовро аспирант гирифтанд. Пайванди Гулмуродзода бозёфти журналистӣ маҳсуб мешуд. Ин бозёфт ба он маъно, ки ӯ патриоти журналист буд. Худаш дар матбуот кам фаъолият намуда буд, вале ҳамвора ҳамкорӣ дошт ва бо рӯҳияи бедору чолок кор мекард. Ӯ ҳамзамон бо нигоҳи журналистӣ дарс медод.

Журналистика илм аст

- Маълум мешавад, ки ба ҳар ҳол, таълими ихтисос ба чорчӯбаи муайян ворид мешуд, вале илми журналистика дар чӣ ҳол буд?

- Албатта, баҳси илми мо зиёд ва ҳалношуда аст. Аввал ин ки журналистика илм аст. Он қисми журналистика, ки эҷодро мефаҳмонад, ҳунар ё касб аст ва он қисми журналистика, ки роҳи эҷодро мефаҳмонад, илм мебошад. Дар ҳамаи касбҳои мо - санъат, адабиёт чунин аст. Дар адабиёт, масалан, шеърнависӣ ҳунар аст, аммо таҳқиқи шеър илм аст. Журналистика дар тамоми Аврупо илми мустақил мебошад. Дар СССР чунин илм набуд. Дар соли 1966 илми журналистикаро эътироф намуданд, аммо на ба истилоҳи журналист. Масалан, дар Шӯрои диссертатсионии оид ба журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов ду унвон медиҳанд: доктори илми филология 10.01.10 ва доктори илми таърих (таърихи илм ва техника, таърихи журналистика) 07.00.10. Рисолаи илмии номзадии ман дар бахши дуввум ҳимоя шудааст, зеро номи кафедраи мо “Таърихи журналистикаи ҳизбии Шӯравӣ” буд. Аммо рисолаи докториам (соли 1990) дар соҳаи таърихи ватанӣ ҳимоя шудааст.


Бояд гӯям, ки УМО (Учебно-методический отдел) - и Вазорати маълумоти олии СССР аз нимаи дуввуми солҳои 80-ум сар карда, барои эътирофи академикии илми журналистика мубориза мебурд. Дар маҷлисҳои УМО, ки дар Маскав, Минск, Харков, Владивосток, Душанбе баргузор шудаанд, ин масъала тарҳ шуд ва ҳаллаш қариб омаду СССР аз байн рафт. Агар маҷмӯи илмҳои журналистӣ эътироф мешуд, он гоҳ доктори илми журналистика дар соҳаҳои зерин соҳибунвон мебуд: назарияи журналистика; амалияи журналистика (публитсистика); таърихи журналистика (ё  таърихи ВАО); проблемаҳои журналистика.

- Ҳоло чӣ?

- Алҳол, дар ҳамин фаҳмиш илми журналистика вуҷуд надорад. Ҳамин ҷо бояд гӯям, ки Саъдуллоев адабиётшинос буданд ва дар мавзӯи танқиди адабӣ диссертатсия навиштаанд. Вақте дар донишгоҳ шароити кори илмӣ ба вуҷуд омад, Шӯрои диссертатсионӣ оид ба журналистика ташкил шуд, профессор Асадулло Саъдуллоев мавзӯи публитсистикаро чунон ба миён гузоштанд, ки тамоми адибон рӯҳияи публитсистӣ пайдо карданд. Устод Турсунзода ва Мирсаид Миршакарро ман мефаҳмам ва ба публистистикаи онҳо чизе гуфтанӣ надорам. Аммо адибе, ки дар матбуот ду мақола навишта бошаду як брошура ба чоп расонида бошад, аз он чӣ хусусият пайдо мекунанд, ман ҳайронам...

Боз ҳам мегӯям, ки ҳастанд адибоне чун Ато Ҳамдаму Мансур Суруш, ки фаъолияти асосиашон публитсистика аст ва адабиёти бадеӣ барояшон предмети ёрирасон ҳисоб мешавад. Вале ҳоло як силсила шогирдони илмии факултети журналистика ба мавзӯоте даст заданд, ки бар онҳо ҳеч гуна нишонии публитсистика вуҷуд надорад ва кори адабӣ ва адабиётшиносӣ аст. Ман намегӯям, ки адабиётшиносӣ бад ва публитсистика хуб, ё баръакс. Лекин ин тавр мумкин нест, ки публитсистикаро дар баробари адабиёт ва санъат гузорем. Боз ҳам мегӯям, ки журналистика ин фаъолияти сиёсӣ аст ва ҳамеша ба воқеият (ҳақиқат) такя мекунад, адабиёт бошад, эҷоди тахайюл, тасвир ва хушнависӣ аст. Ҳоло ин  навъи нави “публитстистика”-ро ба сари донишҷӯёни факултаи журналистика бор мекунанд, ки дар натиҷа боз филология буданаш собит мешавад.

“Ман шарҳ пурсидам”. Аз таъсиси нав то хавфи барҳамхурии дигар

- Дар соли 1987 шуъбаи журналистика дар УДТ аз нав ташкил шуд. Оё шуъбаи мазкур танҳо нақши як зина барои таъсиси факултетро бозид?

- Муаллим Асрорӣ ва баъзан Нуралиев, ки ба маҷлисҳои УМО мерафтанд, ҳамеша барои ташкили шуъба сухан мегуфтанд. Ҳамон сол дар Донишгоҳ аввалин бор вазифаи декан бо роҳи интихоби озод баргузор мешуд. Номзадии ман низ буд, аммо муаллим Асрорӣ чандон розӣ набуданд.

Рӯзе муаллима Мукарама Набиевна ба кафедраи мо омада, дар назди муаллим Асрорӣ гуфтанд: “Боз Иброҳимҷон аз номзадиашон даст накашанд...”.

Рақибонам декани амалкунанда - М.Давлатов, дотсентони кафедраи адабиёти советӣ Р.Мусулмониён ва Х.Асозода, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ А.Сатторов ва забоншинос Б.Камолиддинов буданд. Ман бештар аз ҳама овоз гирифта, декан интихоб шудам. Дар маҷлиси интихоботии мо ректори УДТ академик Т.Назаров, котиби Ҳизби коммунисти донишгоҳ Т.Бобоев, мудири идораи таълими УДТ Н.Ҷумъаев ҳузур доштанд.

Моҳи апрели соли 1988 ман декани факултаи филологияи тоҷик интихоб шудам. Мо имконият пайдо кардем, ки барои таъсиси шуъбаи журналистика бештар кор кунем. Аввалан, заминаи онро дар худи факултет ба миён овардан зарур буд. Барои ин ду ҳолат - сиёсати миллии замони шӯравӣ дар он солҳо ва дар соли 1989 қабул шудани Қонуни ҶТ “Дар бораи забон”  мусоидат намуд. Соли 1988 мо дар шуъбаи рӯзонаи факултет 480 донишҷӯ, дар шуъбаи шабона 260 донишҷӯ доштем. Соли 1989 дар факултети мо 1200 донишҷӯ, аз ҷумла 650 нафар дар шуъбаи рӯзона ва бештар аз 550 нафар дар шуъбаҳои шабона ва ғоибона мехонданд. Табиист, ки шумораи муаллимон низ зиёд шуд.

- Шунидаем, ки пас аз ин, боз талошҳои барҳамзании шуъбаи журналистика ба миён омадааст. Агар рост аст, онро ба ёд оварда метавонед?

- Бале. Нахустин бор ба таври қатъӣ нафаре даст ба барҳам задани шуъбаи азнавтаъсисшудаи журналистика бурд, ки дар соли 1991 симмати ректори УДТ-ро ба ӯҳда дошт. Чанд рӯз пеш аз эълони қабули довталабон, Раҳмонқул Мустафоқулов, мудири идораи таълими УДТ, наздам омада, гуфтанд, “Иброҳимҷон, имсол барои қабули довталабон ба шуъбаи журналистика эълон дода намешавад”. Сабаб пурсидам.

- Ман намедонам. Ҳамин хел супориш шуд, ки ба шуъбаи журналистика эълон дода нашавад.., - гуфтанд Мустафоқулов.

Ман бо мақсади фаҳмидани масъала ба назди проректори Донишгоҳ В.И.Чикатунов даромадам. Проректор гуфт, ки аз ин мавзӯъ комилан бехабар аст. Ба назди ректор даромадам, ӯ гуфт, “аз боло супориш шуд”. Ба назди вазири маорифи Тоҷикистон Исмоил Давлатов рафтам, ӯ аз ин хабар ҳайрон шуд, ки “аз мурдан хабар дораму аз ин гап - не!”. Ба ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон Ҳабибулло Саидмуродов рафтам, ин кас ҳам аз бехабариашон гуфтанд ва афзуданд, ки “масъаларо дунболагирӣ мекунанд”. Муовини Сарвазири Тоҷикистон пас аз 3 рӯз занг зада, гуфтанд, ки “Ҳукумат ин тавр қарор қабул накардааст!”. Яъне, танҳо бо чӣ нияте маҳз ректори УДТ ба чунин амал даст заданист. Баргаштам ба назди ректор ва гуфтам: “Ҳукумати кишвар ин гуна қароре қабул накардааст! Ин гап аз куҷо?”.

- Онҳо аз сари худашон дур карданиянд..., - нобоварона гуфт ӯ.

- Ман инро намедонам, вале аз рӯйи ин монеаи Шумо ба матбуот ва ҳукумати кишвар менависам! Ҳоло танҳо Шуморо огоҳкунӣ омадам!, - қотеона гуфтам ман.

Ӯ хеле сахт тарсид. Гуфт, “биёед, ҳамин гапро калон накунем”. Ман шарҳ пурсидам ва факт хостам. Ректор чизе нагуфта, Раҳмонқул Мустафоқуловро даъват кард ва фармуд, “25 ҷой аз ҳисоби факултаи филология ба шуъбаи журналистика ҷудо карда шавад”. Бо ин аз марги ногузир журналистикаро раҳо кардем. Ин дар замоне буд, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ба истилоҳ “демократӣ” қувваҳои ҳалкунанда ба ҳисоб мерафтанд ва бо доду фарёд ва майдондориҳо ҳама чиз “ҳал мешуд”.

Замони ошӯбҳо ва анархия. Элони “Рӯзи мотами Садриддин Айнӣ

- Воқеан, муҳити замони ҷанги шаҳрвандӣ ба устодону донишомӯзон чӣ андоза таъсиргузор буд? Муносибати донишгоҳиён ба майдонҳову майдондориҳо чӣ гуна буд?

- Бале, дар соли 1992 митингҳои сиёсӣ дар Душанбе шурӯъ шуданд ва баъзе муаллимони факултет ва Университет дар онҳо ширкат меварзиданд. Дар факултети филологияи тоҷик дар солҳои 1990-1992, ки ман симмати деканиро доштам, замони ошӯбҳо ва анархия бо дастгирии муаллимони калонсолтар - Воҳид Асрорӣ, Мукаррама Қосимова, Ҳомид Маҷидов, Саъдоншо Имронов, Саид Ҳалимов, Султон Воҳидов, Худоӣ Шарифов, Мадиброҳим Норматов, Эргаш Шоев, мо аз фишори “демократҳо”  ва “исломиҳо” на фақат факултет ва Университет, балки тамоми муҳити донишгоҳро ҳимоя мекардем. Гарчи пешравони нерӯҳои зиддиҳукуматии майдонсоз дар донишгоҳи мо зиёд буданд, баъзе навмуаллимони мо байрақбардорони ақидаи “Шаҳидон” шуда, муаллимон ва шогирдонро аз зӯроварии онҳо метарсонданд. Иддае аз донишҷӯёни мо ҳам дар майдони “Озодӣ” “ба ҷонибдории озодӣ ва демократия” худро занҷирбанд карда буданд. Муаллиму донишҷӯёне, ки барояшон оши худоии майдони “Шаҳидон” аз дарс аввалтар буд, низ кам набуданд. Ҳар навъ иҳонате, ки аз дасташон меомад, раво медиданд. Дар ҳамин ҳол, ҳатто ба тани нимпайкараҳои бузургони адабиёти навини тоҷик – устодон Айнӣ, Лоҳутӣ ва Турсунзода, ки дар долони ошёнаи панҷуми факултети филология меистод, хат кашиданд. Бо ин амалкарди тавҳинкунанда, мо бо муаллим Саид Ҳалимов дар факултет “Рӯзи мотами Садриддин Айнӣ” эълон кардем ва аз ин иҳонати нобахшиданӣ ба устодону донишҷӯён ҳарф задем.

Дар ҳамин ҳол, аз шуъбаи журналистика ҳеч нафаре майдондорӣ намекард ва шоири шиорнависи майдонҳо - Бозор Собир дар як ҷамъомади дигаре, ки дар “Ҷазира” баргузор карданд, бо ин ман ва муаллимони ҳамақидаамро “торикфикрон” номид, зеро мо донишҷӯёнро майдон рафтан намемондем, ҳарчанд дар он шабу рӯз ҷор мезаданд, ки ҷойи равшанфикр майдон аст.

Таъсиси нахустин факултети журналистика

- Дар як манбаи катбӣ омадааст, ки “соли 1992 дар асоси қарори Шӯрои олимони ДДТ дар заминаи шӯъбаи журналистика ва гурӯҳи ихтисоси тарҷумонии факултети филологияи тоҷик, факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил шуд”. Он сол Шумо ҳамчун декани факултети филологияи тоҷики ДДТ шоҳиди ҳол будед. Оё дарҳақиқат, бо як қарори Шӯрои олимони ДДТ факултети алоҳидаи журналистика ва тарҷумонӣ ташкил шуд?    

- Дар ин ҷо барои риояи муҳтавои “Санади ҳамдигарбахшӣ” касеро номбар намекунам, гарчи барои таърих номбар кардан лозим буд. Вале ба умедам, ки “ҳар кас, ки зи шаҳри ошноист, донад, ки матои мо куҷоист”. Моҳи майи соли 1992 чун анъана, факултети филология аъзои комиссияи имтиҳони ихтисосро муайян мекард ва ин кор дар Шӯрои олимон сурат мегирифт. Дар ин маҷлиси Шӯро ҳамаи муаллимони пиру ҷавони факултет даъват шуданд. Вале номзаде ба раисӣ қабул намешуд, баъзеро аъзои Шӯро намехостанд, баъзе худаш даст мекашид.

Он гоҳ муаллими калонсоле гуфтанд: “Вазъият чунин шуд, ки бояд худатон раис шавед. Шояд дар вазъияти имрӯзаи пойтахт ин беҳтар ҳам бошад”. Ман ҳам рад кардам:

- Ман ҳеҷ вақт дар имтиҳони қабул иштирок накардаам ва намекунам. Ихтисосам ҳам дигар аст, - гуфтам ман.

- Шумо декани факултет ҳастед, ҳақ доред. Сонӣ, ин вазифа “боварӣ” аст, на масъулият, - гуфтанд эшон.

Ин фикрро чанд каси дигар дастгирӣ намуда, ба овоз монданашро талаб карданд. Ҳамаи иштирокчиён дар овоздиҳӣ ин пешниҳодро мақбул донистанд.

Акс аз бойгонии Қироншоҳ Шарифзода

Ҳуҷҷатҳоро дуруст карда, ба роҳбарияти Донишгоҳ пешниҳод намудем ва баъди чанд рӯз барои як ҳафта ба сафари расмӣ ба Эрон рафтам. Пас аз бозгашт фаҳмидам, ки раиси имтиҳони ихтисосро, яъне маро, ректор дигар кардааст. Чор нафар муаллимони факултет, ки иштирокчии маҷлиси номбурда буданд ва ҳатто ду нафарашон ба раисӣ пешниҳод шуданду яктоашон нагузаштанд ва дуввумӣ худашон даст кашиданд, назди ректор рафта, талаб кардаанд, ки “аз раисии имтиҳони қабул Усмоновро озод ва яке аз моро таъйин кунед”. Ректор талабашонро қонеъ намудааст.

- Медонед, - бо рангу рӯйи парида ва овози ларзон ба ман мегуфт ректор, - онҳо дар он лаҳзаҳо чунон мавқеъ ва қувва доштанд, ки агар “не” мегуфтам, аввал маро, баъд Шуморо ҳам аз кор меронданд.

Ректор рост мегуфт. “Демократҳо”-ву “исломиҳо” аслан дар моҳи майи соли 1992 қудратро ба даст гирифта буданд. Шумо ба рафти ҳодисаҳои ин моҳ диққат диҳед: 8-уми май мухолифин Раҳмон Набиевро ба истеъфо маҷбур сохтанд ва ҳукумати Тоҷикистонро аз дасти ӯ кашида гирифтанд; 12-уми май Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро ташкил намуданд; 19-уми май аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ ҳаракати ташкил намудани Маҷлиси Миллиро доштанд; 22-юми май Раҳмон Набиевро аз Тоҷикистон пеш карданӣ шуданд; мавқеи Прокурори Генералиро танг карда, дар ин шабу рӯз аз вазифа холӣ карданӣ буданд. Бисёриҳо сархамона, ғуломвор гуфтаи онҳоро қабул ва иҷро мекарданд. Яъне, ояндаи як миллату давлат ба дасти ин нафарон буд. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ он шабу рӯз дастёри “исломиҳо” шуда буд ва номзадии маро ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пешниҳод намуд, вале аз рӯйи принсип, ман 30-юми май дар рӯзномаи “Садои мардум” изҳорот чоп кардам, ки узви Маҷлиси миллӣ шудан намехоҳам, зеро таъсиси Маҷлиси Миллиро ғайриқонунӣ меҳисобидам.

Бинобар ин, амали он чор нафар ҳамкорамро зӯроварии навбатӣ донистам. Лиҳозо, ба ректор сахт карда гуфтам:

- Ман ҳамроҳи Шумо кор кардан намехоҳам.

Ва боз чанд чизи дигар гуфтаму аз кабинет баромадам. Рост ба назди котиби Шӯрои илмии ДДТ даромада, дар ду нусха ба номи Шӯрои илмии Университет ариза навиштам: “Тоҷикистони имрӯза вазъияти душвори сиёсиро ба сар мебарад. Ректори мо шахси бепринсип ва калаванда аст. Дар ин ҳолат ҳар навъ ҷиноят рух доданаш мумкин аст. Барои ҳамин, ҳамроҳи ӯ кор карда наметавонам ва намехоҳам. Бинобар ин, аз Шӯрои илмӣ хоҳиш мекунам, ки маро аз вазифаи декани факултети филологияи тоҷик озод намоянд”.

Дар нусхаи дуюми ариза имзои котиби Шӯроро гирифтаму рафтам.

- Саҳнаи аҷибе. Декани факултет ба ректори Донишгоҳ эътироз мекунад. Баъд чӣ шуд?

- Ректор тамоми имкониятҳо ва воситаҳоро истифода бурд, то ман аризаро пас гирам. Нагирифтам. Рӯзе Воҳид Мирашӯрович ба наздам бо маслиҳате даромаданд. Моҳияташ ин буд, ки ректор гуфтааст: “Агар Усмонов аризаашро пас гирад, ман факултети журналистикаро таъсис медиҳам. Ба он факултет декан шавад”. Ман рад кардам. Аммо муаллим Асрорӣ ором нашуда, хеле насиҳат карданд ва аз ҷумла гуфтанд:

- 15 сол боз ҳаракат дорем, ақалан шуъба кушоем. Ҳоло имконияти ташкили факултет ба миён омадааст. Дигар чунин имконият мешавад ё не, Худо медонад. Наход ҳамин имкониятро аз даст диҳем. Якравӣ накун, Иброҳимҷон, фикр кун...

Фикр кардаму розӣ шудам. Маслиҳатамон чунин шуд. Ректор фармони ташкил шудани факултет ва қабули довталабонро эълон мекунад. Декан дар Шӯрои илмии Университет интихоб мешавад. Сонӣ, ман дар ҳузури ректор ва Асрорӣ ҳар ду нусхаи аризаро пора карда месӯзонам. Дигар то он рӯз мо сухане, проблемае надорем.

Ҳамин хел ҳам шуд. Моҳи августи соли 1992 дар хусуси таъсиси факултети журналистика фармон баромад. Аммо пеш аз қабули довталабон дар як маҷлис баҳси шуъбаи тарҷумонӣ ба миён омад. Гуфтам: “Тарҷумонӣ касби педагогӣ нест. Вай ба журналистика наздиктар аст. Ин шӯъбаро мо таъсис додем ва барномаи нави онро баъди шинос шудан бо раванди таълим дар Институти ба номи Морес Тореси шаҳри Москва ва университетҳои ҷумҳуриҳои Наздибалтика тартиб додем”.

Гапам нагузашт. Устодони филология ҳеч намехостанд, ки ин шуъба ба факултети журналистика дода шавад. Муаллим Воҳид Асрорӣ ин замон аз ҷониби иддае майдоннишинон таҳқир шунида, аз Душанбе ба Хуҷанд рафта буданд. Ман дар ин миён танҳо мондам ва касе ба ҷонибдориам даст нахоҳад бардошт. “Зарур бошад, раво бошад” гуфта, роҳи макрро пеш гирифтам ва қотеона гуфтам: мо шуъбаи тарҷумониро намегирем, факултети журналистикаро ҳам намесозем, чунки теъдоди донишҷӯёнаш ба мувозинати таъсиси факултет рост намеояд ва ман дар вазифаи декани факултети филология боқӣ мемонам!

Ин гап ба ҳеч кадомашон хуш наомад, розӣ шуданд, ки шуъбаи мазкур ба факултети журналистика дода шаваду танҳо ман аз декании факултети филология даст кашам. Муаллимони факултети филология кори маро қаноатбахш ҳисоб карданд, сонӣ, Шӯрои илмии УДТ маро декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ интихоб намуд. Аммо боз ҳам дар он шабу рӯз ман расман декани ду факултет будам ва хайрухушам бо факултети филологияи тоҷик, ки 4,5 сол деканаш будам, охири моҳи сентябр баргузор гардид.

Профессор И.Усмонов бо мусоҳибон

- Ҳамин тавр, факултети журналистика ва тарҷумонӣ таъсис ёфту муқобилистии ректору декан ҳам поён ёфт...

- Дар ин миён муаллим Асрорӣ ҳам баргаштанд ва мувофиқи ваъда, ҳамроҳ назди ректор даромадем ва ман ҳар ду нусхаи аризаамро даррондам. Дигар дар муддате, ки дар ин вазифа будам, назди ректор нарафтам ва кору масъалаҳоро бо ёрии проректорҳо ҳал мекардам.

Бо ҳамин қабули донишҷӯёни нахустини факултети журналистикаи УДТ оғоз шуд. Бо проректор оид ба донишҷӯёни хориҷӣ Замоналӣ Қурбонов маслиҳат карда, як қаноти ошёнаи дуюми бинои 10-ро барои факултети журналистика гирифтем ва муаллим Нуралиевро ҷонишини декан оид ба журналистика таъйин намудем. 

Аслан, ман нақшаи 6 моҳаи декани факултети журналистикаро доштам ва бо чанд нафар ҳамақидаҳо мехостем, ки нахустин Донишгоҳи озоди Тоҷикистонро таъсис диҳем. Барои ташкили чунин як донишгоҳ бинои мувофиқеро таги чашм карда, ҳатто эълони расмиро ҳам ба чоп расонида будем. Вале баъзе мушкилиҳо пеш омаданду ман ҳам баъди он ки муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шудам, ба сифати профессор дар ним баст корро идома додам. Табиист, ки дар ҷои ман муаллим Нуралиев декан таъйин шуданд.

- Баъд кафедраҳои нав ташкил шуданду кори факултети нав ба маҷрои худ даромад...

- Бале. Аввалин кафедрае, ки дар факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил шуд, “Кафедраи назария ва таърихи журналистикаи тоҷик” буд. 17-уми августи соли 1993 ВАК-и Русия ба ман санади профессори ҳамин кафедраро дод. Сипас, кафедраҳои “Телевизион ва радио”, “Услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ”, ”Журналистика ва адабиёти хориҷӣ”, “Тарҷумонӣ” таъсис ёфтанд, ё баъзеи онҳо ном дигар карданд. Масалан, номҳои “Кафедраи матбуот”, “Кафедраи журналистикаи байналмилалӣ” ба миён омаданд. Аммо, чунончи гуфтам, барои ташкили факултет ин ҳама заҳмату якравиву пофишориву хуни дил шуданҳоро аз сар гузаронидам, ҳоло бошад, дилам ба ҳоли бечорагиаш месӯзад...

Лаҳзае аз мусоҳиба бо И. Усмонов

- Оё барои кишваре бо 800-850 расона, ки аксарашон 3-5 нафарӣ корманд доранд, вуҷуд доштану фаъолият кардани 9 факултет, шуъба, гурӯҳҳои журналистика зарур аст? Агар “ҳа”, аҳамияташро шарҳ медодед, ва агар “не”, чӣ бояд кард?

- Ман то ҳол ба ин андеша ҳастам, ки Донишгоҳи озоди журналистикаи Тоҷикистон таъсис шавад ва низоми таълими он ба тақозои меъёрҳои байналмилалии журналистикаи муосир  ҷавобгӯ бошад. Агар ин тавр нест, пас танҳо як факултети журналистика бо бунёди қавии моддию техникӣ ва ҳайати устодони соҳибтахассус фаъолият кунад, ки ин соҳаро бо мутахассисони ҷавон таъмин намояд. Дар минтақаҳо ва навоҳии дурдаст зарур бошад, бигзор, ки зинаи бакалаври журналистика амал кунад, вагарна, не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.