Шурӯъ аз соли 2016 дар Тоҷикистон бо сарпарастии Вазорати адлияи ва дастгирии техникиву молиявии Барномаи рушди СММ ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷараён дорад.

Ислоҳоти мазкур маҷмӯи чорабиниҳоеро оид ба сода, дастрас ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бар мегирад.

Яке аз марҳилаҳои муҳими татбиқи ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба муҳимият ва сабти саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Ивази ному насаб ва номи падар, ҳарчанд ихтиёрӣ аст, вале солҳои охир ин падида маъмул шудааст.

Чаро сокинон ба иваз кардани ному насаби хеш баштар таваҷҷуҳ мекунанд ва ин раванд чӣ гуна ҷараён мегирад?

Ивази ному насаб ихтиёрӣ аст

Воқеан, чанд соли охир дар Тоҷикистон иваз кардани насаб назар ба солҳои қаблӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Як қисми аҳолӣ аз пасвандҳои русии насабашон даст мекашанд ва гурӯҳи дигар баръакс, онро барқарор кардан мехоҳанд.

Тибқи моддаи 67 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” шахси ба синни 16 расида бо розигии падару модар ҳуқуқ дорад, ному насаб ва номи падари худро иваз намояд. Ин ихтиёрӣ буда, ба истилоҳи ҳуқуқӣ ин ҳуқуқи шахс аст, на ӯҳдадорӣ.

Шахс агар хоҳад, ки насаб, ном ё номи падари худро иваз намояд, бояд ба бахши САҲШ-и маҳалли зисташ (дар деҳаҳо ба ҷамоати деҳот) бо ариза муроҷиат намояд. Ӯ бояд бо худ аризаи пуркардашуда дар бораи иваз кардани ному насаб ва номи падар, шиноснома ва агар аризадиҳанда оиладор бошад, шаҳодатномаи ақди ниқоҳро дошта бошед.

Агар падару модар дар гузоштани насаб ва ё номи кӯдак ба мувофиқа наоянд, насаб ва ном дар китоби сабти таваллуди кӯдак аз рӯи қарори мақомоти васоят ва парасторӣ сабт карда мешавад.

То моҳи январи соли 2021 муҳлати омӯзиш ва баррасии аризаи шаҳрванд барои иваз кардани ному насаб 3 моҳ буд. Порлумони Тоҷикистон дар охири соли 2020 қонунро тағйир дод ва ин муҳлатро то ба як моҳ кам кард.

Ивази ному насаб ва номи падар танҳо дар сурате рад карда мешавад, ки агар шахс ҳангоми додани ариза таҳти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор дошта ё доғи судӣ дошта бошад.


Ҳамчунин, дар шаҳодатномаи таваллуд, ки то гирифтани шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад, бояд насаб, ном ва номи падар зикр карда шавад. Вале дар он метавонад, ки номи падар набошад. Яъне қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ иҷозат додааст, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунанда номи падари шахс қайд нашавад.

Дастурҳои марҳила ба марҳила ва номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иваз кардани ному насаб ва номи падар дар сомонаи расмии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.

Ба ҷои “ов”-у “ев”-и русӣ “зода” ва “духт”-и тоҷикӣ

Бояд зикр кард, ки иваз намудани ному насаб ва номи падар тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад. Иваз намудани насаб ва номи падар тибқи анъанаҳои миллӣ дар асоси талаботи моддаи 20 Қонуни ҶТ “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” амалӣ карда мешавад.

Моҳи июни соли 2020 ба моддаи 20-и Қонуни мазкур тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, зимни сабти ному насаби тифлҳои навзод ба истифодаи пасвандҳои славянии «ов», «ова», «ев», «ева» ба насаб ва «ович», «овна», «евич» ва «евна» ба номи хонаводагӣ ё номи падар иҷоза дода намешавад.

Ҳамин тариқ, минбаъд ба ному насаб ва номи падар пасвандҳои «ӣ», «зод», «зода», «он», «ён», «ёр», «ниё», «фар»,“пур” (барои мардон) ва “духт” (барои занон) иҷоза дода мешавад.

Ҳамчунин, насаби шахс метавонад аз номи падар ё аз решаи насаби падар ё модар бидуни илова кардани пасвандҳои насабсоз сохта шавад. Ба мисоли шоирони маъруфи форсу тоҷик: Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода.

Дар ташаккулёбии насаб ва номи падар такроран истифода бурдани як пасванд манъ буда, ҳамчунин истифодаи як ном бе иловаи пасванд ҳам дар ташаккули насаб ва ҳам дар ташаккули номи падар манъ мебошад.

Ивази пасвандҳо тибқи қонун ба шахсоне дахл хоҳад дошт, ки бори нахуст шаҳодатномаи тасдиқи шахсият мегиранд ё ному насабашонро иваз кардан мехоҳанд.

Ин талабот ба намояндагони ақаллиятҳои миллии муқими кишвар (ғайритоҷикҳо) дахл надошта, онҳо метавонанд, зимни сабти ному насаби тифл пасванд ба ному насаби кӯдакро худ интихоб кунанд.

Ин тағйирот ба онҳое, ки аллакай бо пасвандҳои русӣ дар насабу номи хонаводагиашон шаҳодатнома гирифтаанд, дахл надошта, онҳо бо чунин ному насаб шиноснома гирифта метавонанд.

Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «хӯҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «сӯфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, мумкин нест. Аммо ҳамчун ном ва ҷузъи номсоз истифода бурдани калимаҳои мазкур мумкин аст (мисол: Назархоҷа, Саидвалӣ).

Ҳамчунин, номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли соли 2016 тасдиқ карда шудааст, сабт карда мешавад. Дар феҳристи мазкур, ки аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ҳудуди сеюним ҳазор номҳои духтарона ва писарона пешбинӣ шудаанд. Дар санади зикргардида тарзи дар ҳуҷҷатҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дуруст навиштани номҳои миллӣ муайян шудааст.

Номгузорӣ ба Феҳристи мазкур маҳдуд нашуда, номҳои тозаэҷоде, ки ба суннати номгузорӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ мувофиқанд, вале дар Феҳрист нестанд, дар асоси хулосаи Комиссияи назди Кумитаи забон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз таҳияи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ эҳёи номгузории суннатии тоҷикӣ ва аз байн бурдани номҳои номувофиқ ба фарҳангу арзишҳои маънавӣ мебошад. Зеро тибқи қонунгузорӣ ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.

Нархаш чанд пул аст?

Дар маҷмӯъ, барои ивази ному насаб ва номи хонаводагӣ ҳудуди 170 сомонӣ лозим аст.

Дар асоси қонунгузорӣ, барои анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ивази ному насаб ва номи хонаводагӣ 128 сомонӣ (2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - як нишондиҳанда 64 сомонӣ) маблағ пардохт кардан лозим меояд.

Ҳамчунин, тақрибан 12 сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати адлия, беш аз 3 сомонӣ барои бланки тозаи намунаи аризаҳои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, беш аз 3 сомонии дигар барои хонапурӣ кардани ин бланк (агар корманди бахш пур намояд), ҳудуди 20 сомонӣ барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо оид ба ивази насаб, ном ва номи падар (агар кофтукови ҳуҷҷатҳо дар асоси китобҳои бойгонӣ лозим шавад) ва беш аз 15 сомонӣ ба суратҳисоби бахши САҲШ-е, ки сабти ивазро ба ҷо оварда истодааст, маблағ ситонида мешавад.

Агар шахс дар қайди ақди никоҳ бошад ва ё кӯдаки ноболиғ дошта бошад, ӯ бояд шаҳодатномаи ақди никоҳ ё шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро низ тағйир диҳад, ки ин пардохти маблағи иловагиро талаб мекунад.

Сайре ба таърих

Қобили зикр аст, ки дар таърихи чандинасраи халқи тоҷик шаклҳои ному насаб чандин маротиба иваз шудаанд. То истилои арабҳо асосан номҳо бо решаҳои забони форсии қадима истифода мешуданд: Рустам, Ҷамшед, Спитамен, Хусрав ва дигар номҳо.

Пас аз қабули ислом тоҷикон ба таври оммавӣ шакли арабии номҳоро пазируфтанд, ки аз калимаҳои Абӯ (барои мардон) ва Умм (барои занон) сар шуда, бо номи писар ё духтар анҷом меёфтанд. Чун дар дигар мардуми минтақа, дар тоҷикон низ насаб истифода намешуд.

Ба номи шахсӣ иловаҳо ҳамроҳ мешуданд, ки ба макон (ҷуғрофия, ҷойи таваллуд ё зист) ё касб ишора мекарданд.

Намунаи барҷастаи он номҳои шоирон ва олимони тоҷики асримиёна мисол шуда метавонанд: Рӯдакӣ, Шерозӣ, Ҷомӣ, Насафӣ, Тирмизӣ, Самарқандӣ, Бухорӣ ё Зардӯзи Самарқандӣ, Гулханӣ.

Тоҷике, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар ноҳияи Ленин ё Коммунистӣ таваллуд шуда буд, ба ҳеҷ гунае наметавонист худро мисол Рустами Ленинӣ ё Фарҳоди Коммунистӣ ном барад.

Ҳозир низ зодаи шаҳру навоҳие, ки ба ифтихори шахсони маъруф ва шинохтаи ҷумҳурӣ номгузорӣ шудаанд, наметавонад худро ба гунаи мисол Фаррухи Мир Сайиди Алии Ҳамадонигӣ, Хусрави Ҷалолиддини Балхигӣ ё Ҷамшеди Бобоҷон Ғафуровӣ… ном барад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.